Директори Хадамоти федералии амният (ХФА, ФСБ)-и Русия Александр Бортников рӯзи 11 октябр дар ҷаласаи мақомоти амният ва хадамоти махсуси кишварҳои ИДМ изҳор дошт, ки ҳадафи афзалиятноки террористон ба даст гирифтани ҳокимият (қудрат) дар кишварҳои Осиёи Марказӣ мебошад. Дар ин бора хабаргузории ТАСС иттилоъ медиҳад.
Ба гуфтаи ӯ, дар навбати аввал Тоҷикистону Ӯзбекистон ва Туркманистон дар амният осебпазиранд. Ин кишварҳое мебошанд, ки созмонҳои байнулмилалии террористӣ (СБТ) ният доранд онҳоро ба халифати ба истилоҳ умумиҷаҳонӣ шомил созанд.
“Нақши афзояндаи “Ал-Қоида”-ро мебинем, ки дар ҳамдастӣ бо ДИ “Вилояти Хуросон” (дар Русия манъ аст) дар корҳои омодагӣ, коркарди идеологӣ ва таъминоти моддӣ-техникии гурӯҳҳои зери назораташон фаъолона иштирок мекунад”, - иброз доштааст Бортников.
Роҳбари ХФА Русия гуфтааст, имрӯз теъдоди ҷангиёни “Ал-Қоида” беш аз 1,5 ҳазор нафарро ташкил дода, онҳо дар 20 вилоятҳои Афғонистон, асосан дар ҷануби шарқи кишвар фаъолона амал мекунанд ва марказашон Нуристон мебошад, ки долони нақлиётӣ байни Покистон, Афғонистон ва Тоҷикистон аст.
Теъдоди ҷангиёни “Вилояти Хуросон” ба 6,5 ҳазор нафар расида, дар тамоми минтақаҳои наздисарҳадӣ ва маркази кишвар амал мекунанд.
“Ояндаи наздик ин СБТ метавонад ба иқтидоре соҳиб шавад, ки ба он ҷиҳати анҷом додани ҳамлаҳои террористӣ дар берун аз ҳудуди Афғонистон имкон диҳад”, - зикр кардааст директори ХФА Русия.
Бортников изҳор доштааст, ки роҳбарони СБТ нақшаҳои худро бобати муттаҳид сохтани гурӯҳҳои пароканда ва густариши онҳо дар кишварҳои ҳамсоя, пеш аз ҳама Осиёи Марказӣ ва Русия пинҳон намедоранд. Эмиссарҳои онҳо пайравони худро дар кишварҳои ИДМ ҷалб карда, ба афроде таваҷҷӯҳ мекунанд, ки қаблан бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ сарукоре надоштанд.
«Маълумот дорем, ки шаҳрвандони ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ, ки ба сафи СБТ пайвастаанд, дар минтақаҳои наздисарҳадӣ корҳои иктишофӣ (разведка) гузаронида, минтақаҳои осебпазирро барои интиқоли гурӯҳҳо ва воситаҳои террористӣ муайян мекунанд. Ҳадафи афзалиятноки террористон ғасби қудрат дар кишварҳои Осиёи Марказӣ, пеш аз ҳама дар Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Туркманистон ва шомил кардани онҳо ба халифати ба истилоҳ умумиҷаҳонӣ аст”, - ҳушдор додааст роҳбари ХФА ва таъкид доштааст, ки “ин кор бо иштироки фаъолонаи хадамоти махсуси амрикоӣ ва бритониёӣ сурат мегирад.
“Аз ин лиҳоз, табиист, ки ҳозир ИМА ва НАТО бо баҳонаи ҷилавгирӣ аз таҳдиди террористӣ аз Афғонистон, ба шарикони мо аз кишварҳои Осиёи Марказӣ хидматҳои худро дар соҳаи ҳарбӣ-техникӣ ва амният дар сарҳад фаъолона пешниҳод мекунанд. Мутмаинем, ки вазифаи онҳо азхудкунии ҳарбии фазои ИДМ, инчунин ҷорӣ намудани хатҳои нави тақсимотӣ байни иштирокчиёни он мебошад”, - таъкид намудааст Бортников.
Як духтари 10-сола дар дарёи Вахш ғарқ шудааст. Наздиконаш барои дарёфти ӯ мадад мепурсанд
Муборизаи 128 варзишгар барои дарёфти ҷоми шаҳрдори Душанбе
“Парасту-2025”. Намоишномаҳои “Ахтаре дар Хатлонзамин” ва “Келини ҷойдорӣ” ба бинанда чӣ паём доштанд?
"Толибон" дар Русия дигар созмони террористӣ нест. Додгоҳ ин гурӯҳро аз рӯйхати созмонҳои мамнуъ берун кард
Муҳоҷирон аз ҳисоби супоридани имтиҳон ба буҷаи Русия 2,5 млрд рубл фоида овардаанд
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Дардҳои гиреҳхӯрда. Ҳикояи “Дардҳои гиреҳхӯрда” қисми 1
Омӯзгорону табибон аз ҳуқуқи имтиёзноки дарёфти иҷозаи зист дар Русия маҳрум шуданд
Хонаҳои вайроншуда то 1 ноябр сохта шаванд. Ҷаласаи ғайринавбатии ҳукумат дар робита ба заминҷунбӣ дар Рашт
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 18 апрели соли 2025
Протокол аз маҷлиси ҳукумат: “Агар дурнамои кишти пахта иҷро нашавад, аз вазифа озод мешавед”
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста