Имрӯз, 17-уми октябр, Амир Муҳаммадризо Оштиёнӣ, вазири дифоъ ва ҳимояти нерӯҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Исломии Эрон ба Тоҷикистон меояд. Дар ин бора хабаргузории нимарасмии Эрон “Тасним” иттилоъ медиҳад.
Ба гузориши ин хабаргузорӣ Муҳаммадризо Оштиёнӣ, дар раъси як ҳайъати баландпоя вориди Душанбе хоҳад шуд.
Гуфта мешавад, ӯ бо Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Тоҷикистон ва вазири дифоъ Шералӣ Мирзо мулоқот мекунад.
“Баррасии масоили амниятӣ ва дифоии ду кишвар ва пайгирии қарордодҳои дифоии ду кишвар аз аҳдофи сафари Амир Оштиёнӣ ба Тоҷикистон аст”, - навиштааст манбаъ.
Ба гузориши хабаргузории “Тасним”, соли гузашта дар чаҳорчӯби ҳамкориҳои дифоии Эрон ва Тоҷикистон, дар Тоҷикистон хатти тавлиди ҳавопаймои бесарнишини эронии “Абобил-2” бо ҳузури сардори Ситоди кулли нерӯҳои мусаллаҳи Эрон Ҳусейн Боқирӣ ифтитоҳ шуд.
Ҷониби Тоҷикистон дар бораи сафари вазири дифои Эрон ба кишвар то ҳол ҳеҷ иттилое надодааст. Ҳамин тавр, Тоҷикистон ҳеҷ гоҳ ба таври расмӣ ифтитоҳи корхонаи тавлиди ҳавопаймои бесарнишини эронии “Абобил-2”-ро низ шарҳ надодааст.




Вазорати саноат гуфт, ки чаро дар Тоҷикистон пӯст кам коркард мешавад
Як ҷавони 28-соларо дар Деваштич барои куштори падараш 19 сол равонаи зиндон кардаанд
Доллар боло, вале рубл поин рафт. Таъсири ҷанг алайҳи Эрон ба қурби асъор дар Тоҷикистон
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 44
Кӯдакам рӯза медорад. Ман чиро бояд донам?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 12 марти соли 2026
Нигора Муқимӣ ваколатдори нави ҳуқуқи кӯдак дар Тоҷикистон таъин шуд
Аз шарти Теҳрон барои убури нафткашҳо то идомаи ҳамлаҳо ба Эрон ва зарбаҳо ба Исроил. Ҷанг дар Эрон вориди рӯзи 12-ум шуд
Ба муносибати иди Рамазон ва ҷашни Наврӯз дар Душанбе ярмаркаи маҳсулоти ғизоӣ ташкил мешавад
Нахустнамоиши филми “Дурахши ахтарон: Ҷомӣ ва Навоӣ”, ки мебоист дар ҷашни Наврӯз баргузор мешуд, ба таъхир афтодааст
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста