Созмони паймони амнияти дастаҷамъӣ (СПАД) соли 2024 таваҷҷуҳи худро ба баргузории тамринҳои низомӣ дар Осиёи Марказӣ бештар хоҳад кард.
Дар ин бора Анатолий Сидоров, сардори Ситоди кулли СПАД зимни як нишасти хабарӣ изҳори назар кард.
Ба гуфтаи Сидоров, соли оянда дар Қирғизистон, Қазоқистон ва Тоҷикистон баргузории тамринҳои низомӣ дар назар аст.
“Аз ҷумла мо нақша дорем, ки дар Қирғизистон бо нерӯҳои дастҷамъонаи вокуниши сареи СПАД, дар Қазоқистон бо нерӯҳои посдори сулҳ ва дар Тоҷикистон бо нерӯҳои дастаҷамъии минтақаи Осиёи Марказӣ тамринҳои низомӣ баргузор кунем”, - гуфтааст сардори ситоди куллии Созмони паймони амнияти дастаҷамъӣ.
Анатолий Сидоров гуфтааст, дар бораи макони баргузории ин машқҳо суҳбат кардан ҳанӯз барвақт аст.
Созмони паймони амнияти дастаҷамъӣ як созмони низомии зери нуфузи Маскав аст, ки ба ҷуз аз Русия, Арманистон, Белорус, Қазоқистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон аъзои он ҳастанд. Ин созмонро ҳамеша барои нотавонии пешгирӣ аз муноқиша байни аъзои худ ва ҳимояти манофеи онҳо танқид мекунанд.
Мавҷи танқидҳо бахусус замони даргирӣ байни Тоҷикистону Қирғизистон ва муноқишаҳои байни Озарбойҷону Арманистон мушоҳида мешавад. Нахуствазири Арманистон Никол Пашинян борҳо аз кори СПАД норозигӣ кардааст.



Пул, нақлиёти ҷамъиятӣ ва ҷойи зист… Донишҷӯёни тоҷик чӣ мушкил доранд ва онро чӣ гуна ҳал мекунанд?
Ҷазои садҳо кас барои ифлоскунии ҳаво. Мақомот огоҳ мекунанд, ки сӯзонидани хазон ҷавобгарӣ дорад
Ҳукми зиндони Парвиз Одинаев, ки ба куштори писари 15-солааш муттаҳам буд, содир шудааст
Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Суғд меравад? Чанде аз роҳҳои вилоят се рӯз баста мешаванд
Суруданду рақсиданду ашк рехтанд. Ҷашни 60-солагии “Гулшан” чӣ гуна гузашт?
Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод кард, ки дар Душанбе Маркази минтақавии ҳуши маснӯӣ таъсис дод шавад
Ҳайати баландпояи Тоҷикистон дар Кобул бо Амирхон Муттақӣ мулоқот кардааст
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 22
Хазинаи байналмилалии асъор мегӯяд, иқтисоди Тоҷикистон нисбат ба ҳамсояҳояш зудтар рушд мекунад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 17 ноябри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста