Нусратулло Мирзозода, ки то ин дам муовини раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон (КДАМ) буд, сардори Раёсати ин ниҳод дар вилояти Хатлон таъин шудааст. Дар ин бора як манбаъ аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилоят ба “Азия-Плюс” хабар дод.
Номбурда гуфт, фармони таъини Нусратулло Мирзозода ҳафтаи равон содир шуд ва ӯ дар ин мақом Фирдавс Холиқзодаро иваз кард.
Рӯзи 29-уми январи соли равон Хадамоти матбуотии президент фармони барканории Мирзозодаро бо сабаби гузаштан ба кори дигар нашр карда буд. Он замон маълум набуд, ки ӯро ба куҷо таъин карданд. То ҳол маълум нест, ки ба ҷои ӯ кӣ муовини раиси КДАМ таъин шудааст.
Нусратулло Мирзозода яке аз кадрҳои собиқадори мақомоти амният аст. Ӯ солҳо дар вазифаҳои роҳбарикунанда кор кардааст. Пеш аз таъин шудан ба ҳайси муовинии сардори КДАМ, сардори Раёсати КДАМ дар ВМКБ, муовини сардори Раёсати КДАМ дар вилояти Хатлон, корманди масъули ин ниҳод дар шаҳри Кӯлоб фаъолияти кардааст.
Ёдовар мешавем, ки Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон рӯзи 19-уми январ дар ҷаласаи Шурои амнияти Тоҷикистон аз фаъолияти роҳбарони мақомоти қудратии вилояти Хатлон интиқод кард ва гуфт, онҳо дар иҷрои вазифаи хизматӣ ба бемасъулиятӣ роҳ додаанд.
Ӯ супориш дода буд, ки сардори Раёсатии ВКД дар вилояти Хатлон, минтақаи Кӯлоб, шаҳри Бохтар ҳамроҳи муовинонашон, додситонии Хатлон бо муовинонаш, сардори гурӯҳи фаврии раёсати КДАМ дар Хатлон ва минтақаи Кӯлоб, роҳбари Оҷонсии зиддифасод дар вилояти Хатлон ҳамроҳи муовинонаш ва чанде аз сардорони раёсату шуъбаҳои дастгоҳи марказии ВКД, Додистонии кул, КДАМ, оҷонсиҳои зиддифасоду мубориза бо маводи мухаддир аз вазифа озод шаванд.
Дар пайи ин, сардори ВКД дар Хатлон Файзулло Низомзода аз вазифа озод шуда, ба ҷои ӯ Шариф Назарзода, ки то ин дам сардори ВКД дар ВКМБ буд, ба ин мақом таъин гардид.
Ҳамчунин, додситони вилоят Абдураҳим Раҳимзода аз мақомаш барканор шуда, ба ҷои ӯ Аваз Назарзода таъин шуд.
Наврӯз-бузургтарин ҷашни миллӣ муборак бод!
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 21 марти соли 2025
Интернет дар Тоҷикистон арзон мешавад?
Таъкиди раиси ҷумҳур ҳам асар накард? “Маршировка”-и садҳо донишҷӯй дар Хуҷанд барои таҷлили ҷашни Наврӯз
Ду рӯз пеш аз солгарди ҳамла ба “Крокус”. Муҳлати ҳабси гумонбарони асосӣ ду моҳи дигар тамдид шуд
Баҳорро бо пойгоҳҳои нави базавӣ пешвоз мегирем!
Замону макони чорабиниҳо маълум шуд. Имсол ҷашни Наврӯз дар Суғд чӣ гуна таҷлил мешавад?
Наврӯз муборак! Дар Тоҷикистон Соли нави хуршедӣ фаро расид
Ҳалли масоили сарҳадӣ миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон – намунаи беназир дар шароити кунунии ҷаҳонӣ
“Дар умрам дору нахӯрдаам”. Қиссаи зани 120 солае, ки 210 набераву абераву чабера дорад
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста