Аз 8 тоҷикистонии дар ИМА ба гумони робита доштан бо “Давлати исломӣ” ё худ ДОИШ боздоштшуда 6 нафараш шаҳрвандии Русияро ҳам доштаанд. Дар ин бора New York Post хабар медиҳад.
Ба иттилои нашрия, ҳамаи онҳо дар ҷараёни амалиёти ҳамоҳангшуда дар Лос-Анҷелес, Ню-Йорк ва Филаделфия пас аз огоҳии директори Бюрои федералии тафтишот (ФБР) Кристофер Рэй дар бораи суиқасдҳои эҳтимолии ДОИШ дар қаламрави ИМА ва қобилияти гурӯҳ ҷиҳати истифодаи марзи ҷанубӣ ба ҳабс гирифта шуданд.
Ба гуфтаи манбаъҳо, бо сабаби робитаи имконпазирашон бо ДОИШ онҳо зери назорати гурӯҳи муттаҳидаи фаврии ФБР қарор гирифтаанд. Бюро муддати чанд моҳ онҳоро пайгирӣ доштааст.
Дар ҷараёни тафтишот гуфтугӯи телефонии онҳо шунида шуда, дар яке аз гуфтугӯҳо яке аз ҳабсшудагон дар бораи бомба ҳарф задааст.
Тибқи маълумоти ФБР, боздоштшудагон дар ҳабс дар интизори анҷоми расмиёти ихроҷшавӣ қарор дошта, ба ҳеҷ яке аз 8 нафар айни замон айбнома оид ба даст доштан дар терроризм пешниҳод нашудааст.
Тавре ки Fox News хабар медиҳад, ҳамаи боздоштшудагон сарҳади ҷанубӣ (аз Мексика)-ро гузашта, санҷиши аввал аз ҷониби мақомоти федералӣ ягон маълумоти манифии марбут ба онҳоро ошкор накардааст.
Бино ба маълумоти манбаъҳои NBC, ҳадди ақалл ду нафари онҳо баҳори соли 2023 марзи ИМА-ро гузашта, як тан аз онҳо замимаи CBP One барои вуруд истифода кардааст.
Мувофиқи маълумоти мақомоти федералӣ, теъдоди муҳоҷирони дар марзи ҷанубӣ ба гумони робита бо террористон боздоштшуда тайи солҳои ахир афзуда, аз 11 нафар дар давоми солҳои 2017-2020 то ба 362 нафар дар давраи аз соли 2021 то моҳи апрели соли 2024 зиёд шудааст.
Бо сабаби дар сатҳи бесобиқа идома доштани раванди муҳоҷират, марзбонон ба The Post хабар доданд, ки дигар одамон аз назари онҳо дур мондаанд, зеро барои бозрасии ҳамаҷонибаи онҳо вақти кофӣ надоштанд.
Дар охири ҳафтаи гузашта марзбонон тақрибан 10 000 гузариши ғайриқонунии марзи ҷанубиро сабт карда, тибқи маълумоти агентӣ, The Post бо онҳо шинос шудааст.