Пас аз Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, Вазорати корҳои дохилӣ низ вуҷуди пойгоҳи Чин дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро рад кард. Абдураҳмон Аламшозода, муовини аввали вазири корҳои дохилӣ дар нишасти матбуотии ин ниҳод, ки рӯзи 8-уми август баргузор гардид, дар посух ба суоли рӯзноманигорон хабари вуҷуди пойгоҳи Чин дар Ишкошим ва умуман дар Бадахшонро рад кард.
“Мо ягон хел марказ дар ноҳияи Ишкошим бо Ҷумҳурии Хитой насохтем ва вуҷуд ҳам надорад. Ягон чизе нест ҳозир, мо бо Чин дар Ишкошим ягон чиз надорем, умуман, дар Бадахшон ягон чиз надорем. Мо дар якҷоягӣ дар пойтахт маркази экстремизм дорем, дар Ишкошим ягон чиз нест”, - изҳор дошт Аламшозода.
Бояд гуфт, чанде пеш нашрияи бритониёии “Телеграф” дар як матлаби худ дар бораи Тоҷикистон навишта буд, ки Чин бо назардошти хатари афзоянда аз Толибони ҳоким дар Афғонистон дар хоки Тоҷикистон пинҳонӣ як пойгоҳи низомӣ месозад.
Ба гуфтаи муаллифони ин матлаб, Чин ин пойгоҳро дар яке аз гӯшаҳои дурафтодаи дунё тақрибан як даҳсола аст, ки месозад. Нашрияи “Телеграф” як акси моҳвораиро низ нашр карда буд, ки иншооту сохтмонҳои гуногун дар он дида мешавад ва гуфта мешавад, ки дар он фурудгоҳ барои чархболҳо низ ҳаст. Ин нашрия маҳалли ҷойгиршавии пойгоҳро минтақаи Шаймак дар ноҳияи Мурғоби ВМКБ ва дар наздикии марз бо Афғонистон гуфта буд.

Дар пайи ин, Вазорати корҳои хориҷии кишвар вокуниш нишон дода, ин хабарҳоро беасос хонд.
“Дар робита ба хабарҳое, ки бархе аз расонаҳо дар бораи гӯё таъсиси пойгоҳи низомӣ аз ҷониби Чин дар қаламрави Тоҷикистон паҳн мекунанд, изҳор менамоем, ки онҳо асос надоранд”, - навишта буд ВКХ Тоҷикистон.
Ин ниҳод таъкид карда буд, ки "ин масъала дар рӯзномаи музокироти Тоҷикистону Чин ҷой надошт ва нахоҳад дошт".
Вуҷуд ва таъсиси пойгоҳи низомии Чин дар Тоҷикистон дар чанд соли охир борҳо мавриди баҳс қарор гирифтааст. Соли 2019 рӯзномаи “Вашингтон Пост”-и Амрико навишта буд, ки Чин дар Тоҷикистон чанд сол аст, ки як посгоҳи наздимарзӣ дорад, ҳарчанд ду кишвар ҳеч гоҳ онро расман эътироф накардаанд. Хабарнигори "Вашингтон Пост" навишта буд, ҳангоми сафараш ба марзи Тоҷикистону Афғонистон ин қароргоҳи низомии Чинро дид ва гурӯҳе аз неруҳои чиниро вохӯрд, ки дар бозори Мурғоб харид мекарданд. Аз он замон ба ин сӯ ин масъала борҳо ба баҳс кашида шуда буд.
Ёдрас мешавем, ки моҳи октябри соли 2021 мақомот гуфта буданд, ки Ҷумҳурии Мардумии Чин бо харҷи тақрибан 100 миллион сомонӣ (55 миллион юани чинӣ) дар дараи Вахони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшони Тоҷикистон пойгоҳи махсус месозад. Лоиҳаи созишнома дар парлумони Тоҷикистон қабул гардида буд ва бояд бар асоси созишнома миёни Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ва Вазорати амнияти ҷамъиятии Чин ин пойгоҳ бунёд мешуд.
Он замон маҳз Абдураҳмон Аламшозода зимни муаррифии лоиҳаи мазкур гуфта буд, ки ин пойгоҳ барои дастаи милитсияи зудамали Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили ВКД дар дараи Вахони ноҳияи Ишкошими ВМКБ бо кӯмаки бебозгашт сохта мешавад.




Хабарҳои зиддунақиз дар бораи кушта шудани Алии Лориҷонӣ ва Ғуломризо Сулаймонӣ
“Фикр кардам корманди бонк аст ва рамзро гуфтам”. Қаллобон чӣ тавр пули сокинонро аз ҳамёну суратҳисоб медузданд?
Гӯсфанди Ғурм, бузи Морхӯр ва хирси тиёншонӣ. Шикори кадом ва чанд ҳайвони нодир дар кишвар иҷоза дода шуд?
“Бо як занги телефон $2 ҳазорро гирифтанд”. Чӣ тавр қаллобон суратҳисоби сокинони Тоҷикистонро ғорат мекунанд?
Маоши миёнаи кормандон дар Тоҷикистон дар як соли ахир 17,3% афзудааст
Маҳкумшудагони ҳамла ба толори “Крокус” аз рӯйи ҳукми додгоҳ шикоят кардаанд
РАСМАН: Иди Рамазон дар кишвар 20-уми март таҷлил мешавад
Раёсати беҳдошти замин ва обёрии Суғд 900 кормандашро ба рухсатии бемузди муваққатӣ фиристодааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 48
Навбат барои гӯшту тухм. Нархи маҳсулоти хӯрокворӣ дар намоиш-фурӯш чанд ва сифати он чӣ гуна аст?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста