Мақомоти Тоҷикистону Қирғизистон ҳафтаи гузашта дар шаҳри Бӯстони вилояти Суғд барои муайян кардани хатти марзи ду кишвар вохӯрӣ анҷом додаанд.
Мулоқоти навбатии гурӯҳҳои кории топографӣ барои аломатгузории марзи ду кишвар аз 1 то 7-уми сентябр баргузор гардид. Дар ин бора АМИТ “Ховар” бо такя ба Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.
Гуфта мешавад, ки “дар доираи вохӯрии мазкур гурӯҳҳои кории топографӣ дар минтақаи боқимонадаи гузариши хатти сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистон корҳои муштараки саҳроиро гузарониданд”.
Аммо мушаххас гуфта нашудааст, ки дар вохӯрӣ сари кадом минтақаҳои баҳснок гуфтугӯ сурат гирифта, чӣ пешниҳодҳое ироа шудааст.
Танҳо қайд шудааст, ки ҷонибҳо дар вохӯрии навбатӣ, ки дар Қирғизистон баргузор мегардад, корро ҷиҳати тавсифи минтақаҳои боқимонда идома медиҳанд.
Ёдрас мешаваем, ки чанд рӯз қабл Садир Жапаров, раисҷумҳури Қирғизистон бори дигар оид ба “марҳилаи ниҳоӣ”-и баҳси марзӣ байни ду кишвар гуфт, аммо санаи мушаххасеро зикр накард.
Бояд гуфт, тайи чанд моҳи ахир мақомоти Тоҷикистон ва Қирғизистон барои тавофуқ дар бораи марзи давлатӣ музокироти фаъол доранд. Қабл аз ин дар моҳи август ҷонибҳо ду маротиба сари мизи музокира нишаста буданд. Аммо ҷузъиёти музокирот ошкор намешавад.
Ёдовар мешавем, ки дарозии умумии сарҳади Тоҷикистон ва Қирғизистон тақрибан 980 километрро ташкил медиҳад. Аз декабри соли 2002 музокираҳо оид ба марзи ду кишвар идома доранд. Аммо ҳал нашудани ин масъала борҳо сабаби муноқишаҳои сокинони маҳаллӣ ва низомиёни ду кишвар, аз ҷумла бо истифода аз силоҳи оташфишон шудааст.
Даромаду хароҷоти сокинони Тоҷикистон дар зарфи 8 соли ахир чӣ гуна тағйир ёфт?
Гулҳои “тиллоӣ”. Чӣ гуна дар Душанбе барои харидории гулҳо миллионҳо сомонӣ сарф мекунанд?
Озмуни “Тоҷикистон-ватани азизи ман” ҷамъбаст гардид. Киҳо ғолиб шуданд?
Тоҷикистон аз ҷиҳати арзонии хидматрасонии таксиҳо дар ҷаҳон 5-ум аст
“Китобхонаи электронӣ”, “Мактаб мобайл”, “Сандуқчаи зулбиё”. Хазинаи электронии вазорати маориф чӣ дорад?
Маблағи иловагии БОР барои пайвастани Тоҷикистон ба низоми энергетикии минтақавӣ
"Изҳороти тоҷикситезона". Вокуниши тунди масъули ВКХ-и Тоҷикистон ба суханони як вакили парлумони Русия
Милитсияи Душанбе аз сокинон даъват намуд, ки ба фиреби талбандаҳои “маъюб” бовар накунанд
Аввалин бонки молиявии хурд: тағйири ном ва ҳадафҳои густурдатар
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи "Фил дар торикӣ"
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста