Ду моҳ пеш се ҷавони муҳоҷири тоҷик дар Русия бо иттиҳоми эҳтимолии даст доштан ба терроризм кушта шуданд. Аммо пайвандонаш исрор меварзанд, ки қурбониён майли ифротгароӣ ва гузаштаи ҷиноӣ надоштанд. Ду ҷавон яккаписару ягона ноновари хона будаанд. Мо ин қазияро пайгирӣ кардем.
Мақомоти Русия рӯзи 13-уми феврал се муҳоҷири тоҷикро ба ҳамлаи эҳтимолии террористӣ ба истгоҳи роҳи оҳани шаҳри Псков гумонбар дониста, ҳарсеро дар як хона ба қатл расониданд.
Ду қурбонии ин ҳодиса - Азизҷон Аъзамқулов ва Ҷовид Орипов – ҳарду зодаи шаҳри Панҷакент, яккаписар ва ягона ноновари хона будаанд. Мо ба хонаи онҳо рафтем ва атрофи ин қазия бо падару модарашон гуфтугӯ кардем.
Қурбонии сеюми ин ҳодиса Парвиз Рустамов аст. Ӯ зодаи шаҳри Ҳисор буда, дар шаҳри Псков таксӣ мерондааст. Пайвандони ӯ нахостанд бо “Азия-Плюс” атрофи ин қазия суҳбат кунанд.
Коршиносон мегӯянд, ки ҳеҷ кас бидуни ҳалномаи додгоҳ гунаҳкор маҳсуб намешавад, вале мақомоти амнияти Русия ин паҳлӯи қазияро ба назар намегиранд, аз ин рӯ, ҳар гуна фарзияро расонаӣ мекунанд.
Дар ҳоле ки мақомоти Русия эҳтимоли ҳамларо ба як созмони байналмилалии террористӣ иртибот медиҳанд, то ба ҳол ҳеҷ созмони байналмилалии террористӣ ҳам перомуни ин тарҳи ҳамла ба роҳи оҳани шаҳри Псков ҳарф назада ва масъулияти онро ба зимма нагирифтааст. Ҳама иттилои расмии Хадамоти амнияти федералии Русияро пайвандони қурбониён ва коршиносони соҳа рад мекунанд.
Шояд ин ҷавонон қурбонии як иттиҳоми беасос шуданд? Мусаффал дар гузориши мо бубинед.
Соли гузашта муҳоҷирон $5,8 млрд ба Тоҷикистон фиристодаанд
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Дардҳои гиреҳхӯрда. Ҳикояи “Намаки бобоӣ”
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2025
Сафорати Арабистони Саудӣ сабаби ихроҷи Тоҷикистон аз феҳристи кишварҳо барои дарёфти “eVisa”-ро шарҳ дод
"Толибон" бозии шатранҷро дар Афғонистон манъ карданд
Размикори мағлубнашудаи тоҷик бо АСА қарордод баст
Расонаҳо аз ҳалокати 8 коргари афғонистонӣ дар яке аз конҳои ангишти Тоҷикистон хабар медиҳанд
Аввал музокирот ё оташбас? Баҳси нави Русия ва Украина барои анҷоми ҷанг
Наҷоти як зан, ки мехост бо 2 кӯдакаш худкушӣ кунад. Чанд ҳаводису ахбори ҷиноятии рӯзҳои охир
Давраи чоруми музокироти Эрону Амрико ҳам бидуни натиҷаи чашмрас анҷом ёфт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста