Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди ҳукумати Тоҷикистон аз омадани тӯфони чанг ғубор ба ҷумҳурӣ огоҳ мекунад.

Ба иттилои Кумита, аз 30 апрел то 2 майи соли ҷорӣ дар манотиқи ҷанубу ғарбӣ ва марказии вилояти Хатлон, навоҳии тобеи ҷумҳурӣ ва шаҳри Душанбе бинобар тағйирёбии обу ҳаво тӯфони гарду ғубор пешгӯӣ мешавад.

“Бар асари омилҳои метеорологӣ (гарду хок) олудагии ҳаво бо моддаҳои беруна, ҳиссачаҳо, ки  10 мкм (Rm-10) ва 2,5 мкм (Rm-2,5)-ро ташкил хоҳад дошт, дар назар аст”, - омадааст дар хабари Кумита.

Дар ин  робита Кумита аз аҳолӣ дархост мекунад, ки ба касоне, ки аз бемориҳои дилу раг ранҷ мекашанд ва ё гирифтори касалиҳои қанд мебошанд, бештар диққат диҳанд.

Ҳамчунин дар Кумита хотиррасон намудаанд, ки дар ин рӯзҳо мебояд бештар ба солимӣ таваҷҷуҳ зоҳир кард:

- Бештар оби тоза нӯшед, рӯзе на камтар аз 2-2,5 литр;

- То ҳадди имкон тирезаҳои хонаатонро пӯшед. Тозаву салқин кардани ҳавои хона дар нимаи дуюми рӯз беҳтар аст;

- Тирезаҳои худро бо докка ва ё тур бипӯшед;

- Ҳамешаву пайваста ҳавои дохили хонаро поку тоза нигоҳ доред, фаршу тирезаҳоро бо латтаи нарму нам тоза кунед;

- Мунтазам бинӣ ва даҳонатонро бо об чайқонед.

Гуфта мешавад, давоми ин рӯзҳо дар як қатор ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ  ва ғарби ВМКБ дар натиҷаи баланд шудани ҳарорати ҳаво эҳтимоли омадани селҳо низ вуҷуд дорад.

Зимнан зикр мегардад, ки дар ҳоли пеш омадани ҳолати фавқулода ба телефони 112 ва ё дар қисми навбатдории КҲФ: 223-13-11; 93 880 28 19 занг занед.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.