Тарҳи давлатии Украина - “Зистан мехоҳам” (Хочу жить) номи 1110 шаҳрванди Ӯзбекистонро нашр карда, гуфтааст, ки “онҳо бо артиши Русия шартнома баста, аз ҷониби русҳо зидди Украина меҷанганд ва то имрӯз 109 нафари онҳо кушта шудаанд”.
Ин манбаъ навиштааст, ки бо шумули ӯзбекистониҳое, ки шиносномаи русӣ доранд, теъдоди воқеии зодагони Ӯзбекистон дар ҷанг метавонад бештар аз омори зикршуда бошад.
Зикр мегардад, ки ин теъдод шаҳрвандони Ӯзбекистон аз соли 2022 то январи соли 2025 аз тарафи Русия дар Украина ҷангидаанд. Ин болотарин нишондиҳанда миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ будааст.
“Ҷавонтарин зархариди ӯзбекистонӣ дар артиши Русия 21-сола ва калонсолтарини онҳо 62-сола аст. Яке аз зархаридон пас аз ҳашт рӯзи бастани қарордод кушта шуд”, - навиштаанд муаллифони ин тарҳ.
Таъкид мегардад, ки шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам мисли зодагони Тоҷикистон. Теъдоде агар бо хоҳиши худ бо артиши Русия шартнома баста бошад, теъдоди назаррасро дар ҷараёни амалиёт боздошт карда, бо таҳдиди рондан аз Русия ба бастани қарордод маҷбур мекунанд.
Мақомоти Ӯзбекистон то ҳол ба нашри ин рӯйхат расман вокуниш накардаанд.
Ҳафтаи қабл ин тарҳ номи 931 зодаи Тоҷикистонро нашр карда, навишт, ки “онҳо бо артиши Русия шартнома баста, зидди Украина меҷанганд ва то имрӯз 196 нафари онҳо кушта шудаанд”.
Пештар аз ин, номи 661 шаҳрванди Қазоқистон, 360 шаҳрванди Қирғизистонро ҳам нашр карда буд.
Ҳеҷ як мақомоти ин кишварҳо то ҳол ба нашрри рӯйхати тарҳи “Зистан мехоҳам” вокуниши расмӣ накардаанд.
Коршиносон мегӯянд, Русия дар симои муҳоҷирон аскари тайёрро мебинад ва ҳарчи бештар онҳоро дар ҷанг қурбон кардан мехоҳад.
Русия ҳеҷ гоҳ пинҳон накардааст, ки шаҳрвандони кишварҳои дигар, аз ҷумла Тоҷикистонро барои имзои шартнома бо артишаш ва минбаъд ҷанг дар Украина ҷалб мекунад.
Мувофиқи иттилои Кумитаи тафтишотии Русия ба ҳолати июни соли 2024, зиёда аз 10 ҳазор муҳоҷири меҳнатӣ, ки шаҳрвандии Русияро гирифтаанд, барои иштирок дар амалиётҳои ҷангӣ дар Украина фиристода шудаанд.
Барои ҷалби шаҳрвандони кишварҳои дигар ба ҷанг бо дастури раиси ҷумҳури ин кишвар тарзи соддакардашудаи гирифтани шаҳрвандӣ низ пешниҳод гардидааст. Аммо ин кишвар аз ҳолатҳои зиёди фиреб, таҳдид, фишор ва сӯйистифода аз вазъи танги муҳоҷирон барои имзои иҷбории шартнома бо артишаш сухан намегӯяд.
Аз ҷумла, аз зиндониён, ки зодаи кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳастанд ва ба ҷанги Украина иҷборӣ ҷалб мешаванд, мақомоти Русия ҳарфе намезанад, ҳарчанд расонаҳо борҳо шикояти зиндониёнро нашр карданд.





Аз кор озод кардани муҳоҷирон дар Русия осонтар мешавад. Он чӣ гуна кор мекунад?
Муҳоҷири тоҷик чӣ қадар бояд кор кунад, то дар Душанбе хона харад?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 декабри соли 2025
Таҳримҳо алайҳи 3 бонки Тоҷикистон. Он ба фаъолияти бонкҳо чӣ таъсир расонида метавонад?
Назархудо Дастамбуев: "Ҳар як кӯдак бояд тавассути бозӣ инкишоф ёбад..."
Аввали ҳафтаи оянда дар кишвар боришоти шадид пешгӯӣ мешавад
"Лимит"-и барқ то нақлиёти барқӣ расид. Электромобилҳо чӣ қадар барқ истифода мекунанд?
Пиряхи "Деҳдал" дар як моҳ 520 метр ҳаракат кардааст
Дар Русия марҳилаи озмоишии ҷамъоварии маълумоти биометрии муҳоҷирон оғоз шуд
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 6 декабри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста