Соли гузашта барои саркашӣ аз хидмати ҳарбӣ 107 парвандаи ҷинояӣ боз шуда, нисбати 30 ҷавон ҷазо таъин шудааст.

Дар ин бора Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон (Омбудсмен) дар гузориши солонаи худ иттилоъ дода, навиштааст, нисбати онҳо бо моддаи 343-и Кодекси ҷиноятӣ - саркашӣ аз хидмати ҳарбӣ парванда боз шуда, ҷазо таъин гардидааст.

Ин банди қонун аз 37 ҳазору 500 то 75 ҳазор сомонӣ ҷарима ва ё аз ду то панҷ сол ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ пешбинӣ мекунад. Аммо ин ниҳод мушаххас нагуфтааст, ки ба онҳо чӣ ҷазо таъин гардид.

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон гуфтааст, ки соли гузашта 95 ҷинояти латукӯб ва озори сарбозон ё ба истилоҳи расмӣ “вайрон кардани қоидаҳои оиномавии муносибатҳои байниҳамдигарии хизматчиёни ҳарбӣ” қайд гирифта шудааст.

Омбудсмени тоҷик ҳамчунин аз муҷозот шудани 13 корманди комиссариатҳои ҳарбӣ барои дар сатҳи зарурӣ иҷро накардани вазифаҳои худ хабар додааст.

Ба иттилои манбаъ, дар соли 2024-ум 34 афсар аз қисмҳои ҳарбӣ фирор карда, 28 кас худсарона маҳалли хизматро тарк кардаанд. Ваколатдор аз ин амали аскарон ҷиноят ном бурдааст, аммо нагуфтааст, ки чӣ ҷазо гирифтаанд.

Дар ҳамин ҳол, Омбудсмен иддао кардааст, ки соли пеш шумораи ҷавононе, ки ихтиёран ба хидмати ҳарбӣ рафтаанд, афзудааст.

Ин дар ҳолест, ки ҳамасола бо шурӯъи маъракаи даъвати ҳарбӣ мавзуи ҷалби маҷбурии ҷавонон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳ ва шароити хидмату муносибати дағал бо эшон доғ мешавад.

Шароити номуносиб, бадрафторӣ бо сарбозон, меҳтарсолорӣ ва марги ҷавонон дар қисмҳои ҳарбӣ аз сабабҳои аслии саркашии ҷавонон аз хидмат дар артиши Тоҷикистон гуфта мешавад.

Бояд гуфт, 1-уми октябр дар кишвар мавсими тирамоҳии даъват ба хидмати ҳарбӣ оғоз гардид ва дар рӯзи аввали маъракаи даъват нақша 55% дар миқёси ҷумҳурӣ иҷро шуд. Он то охири моҳи ноябр идома мекунад. 

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.