Тарҳи давлатии Украина – “Зистан мехоҳам” (“Хочу жить”) номҳои 446 шаҳрванди Тоҷикистонро муайян ва нашр карда, навиштааст, ки онҳо дар сафи артиши Русия бар зидди Украина ҷангида ва кушта шудаанд.
Тарҳ менависад, ному насаби шаҳрвандони Тоҷикистон, ки марги онҳоро “бо итминони комил” тасдиқ карданд, дар як феҳрист ҷамъ овардааст.
“Феҳрист комил нест. Шумораи воқеии кушташудагон ва беномунишон шудагони шаҳрвандони Тоҷикистон кайҳо аз чанд ҳазор нафар гузаштааст”, - менависад тарҳи “Зистан мехоҳам”. Тасдиқи ин хабар аз манобеи расмии Тоҷикистон ва ё Русия ғайриимкон аст.
Муаллифони хабар гуфтаанд, ки даҳҳо шаҳрванди Тоҷикистон барои ҷанг алайҳи Украина боздошт шудаанд, аммо на Русия ва на Тоҷикистон ба бозгардондани онҳо таваҷҷӯҳ зоҳир намекунанд.
Охири моҳи сентябр расонаҳо аз кушта шудани Исломиддин Раҳматов, як зодаи 23-солаи Тоҷикистон, дар ҷанги Русия алайҳи Украина хабар доданд. Сумая Саидова, ҳамсари Исломиддин Раҳматов, ки ҳоло ба Тоҷикистон баргаштааст, ба “Азия-Плюс” нақл кард, ки чӣ тавр шавҳараш ба артиши Русия пайваст ва кушта шуд.
Моҳи апрели имсол ин тарҳ номи 931 зодаи Тоҷикистонро нашр карда, навишт, ки “онҳо бо артиши Русия шартнома баста, зидди Украина меҷанганд ва то имрӯз 196 нафари онҳо кушта шудаанд”.
Пештар аз ин, номи 661 шаҳрванди Қазоқистон, 360 шаҳрванди Қирғизистонро ҳам нашр карда буд. Баъдан тарҳи “Зистан мехоҳам” номи 1 ҳазору 110 шаҳрванди Ӯзбекистонро низ нашр кард, ки “дар ҳайати артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд”.
Ҳеҷ як мақомоти ин кишварҳо то ҳол ба нашри рӯйхати тарҳи “Зистан мехоҳам” вокуниши расмӣ накардаанд.
Коршиносон мегӯянд, Русия дар симои муҳоҷирон аскари тайёрро мебинад ва ҳарчи бештар онҳоро дар ҷанг қурбон кардан мехоҳад.
Русия ҳеҷ гоҳ пинҳон накардааст, ки шаҳрвандони кишварҳои дигар, аз ҷумла Тоҷикистонро барои имзои шартнома бо артишаш ва минбаъд ҷанг дар Украина ҷалб мекунад.
Мувофиқи иттилои Кумитаи тафтишотии Русия ба ҳолати июни соли 2024, зиёда аз 10 ҳазор муҳоҷири меҳнатӣ, ки шаҳрвандии Русияро гирифтаанд, барои иштирок дар амалиётҳои ҷангӣ дар Украина фиристода шудаанд.
Барои ҷалби шаҳрвандони кишварҳои дигар ба ҷанг бо дастури раиси ҷумҳури ин кишвар тарзи соддакардашудаи гирифтани шаҳрвандӣ низ пешниҳод гардидааст. Аммо ин кишвар аз ҳолатҳои зиёди фиреб, таҳдид, фишор ва сӯйистифода аз вазъи танги муҳоҷирон барои имзои иҷбории шартнома бо артишаш сухан намегӯяд.
Аз ҷумла, аз зиндониён, ки зодаи кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳастанд ва ба ҷанги Украина иҷборӣ ҷалб мешаванд, мақомоти Русия ҳарфе намезанад, ҳарчанд расонаҳо борҳо шикояти зиндониёнро нашр карданд.





Тирамоҳи заррини Тоҷикистон. Беҳтарин аксҳои хонандагони “Азия-Плюс”-ро гирд овардем
Расонаҳои Афғонистон аз сафари як ҳайати Тоҷикистон ба Кобул хабар медиҳанд
“500 ҳазор сомонӣ зарар кардам”. Савдогарони бозори сӯхтаи “Гулистон”-и Панҷакент дар бораи зарар ва қарзҳояшон гуфтанд
Раисҷумҳурони кишварҳои Осиёи Марказӣ дар Тошканд мулоқот ва машварат мекунанд
Таноқуз дар чорводорӣ: Истеҳсол зиёд шудааст, аммо нарху воридот ҳам афзоиш ёфтааст
Вазири дифои Тоҷикистон бо ҳамтои покистонияш дар Исломобод мулоқот кард
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 ноябри соли 2025
Консулҳои Тоҷикистон дар чор музофоти Русия ва як шаҳри Қазоқистон нав шуданд. Онҳо кистанд?
Ҷузъиёти кушта ва захмӣ шудани ду ноболиғ дар пайи ҷанҷоли гурӯҳи наврасон дар Душанбе
Дар Душанбе намоишгоҳи байналмилалии "Тоҷикистон–2025" шурӯъ шуд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста