Душанбе. 3-юми июн. «Азия-Плюс» — | Раиси Ҳизби коммунисти Тоҷикистон ва намояндаи мардумӣ дар парлумон Шодӣ Шабдолов бар ин назар аст, ки барои пешгирии даст задани кормандони Палатаи ҳисоби тозатаъсис ба амалҳои коррупсионӣ, ҳукумати ҷумҳурӣ ба онҳо бояд маоши баланду шоиста муқаррар намояд.
Ба акидаи раиси ҲКТ, хамчунин ба хотири роҳ наёфтани шахсони тасодуфиву ғайрикасбӣ ва ҳарису тамаъҷӯй ба сафи палатаи мазкур, ки андешаҳои номатлуб доранд, мебояд чораҳои ҷиддии интихоби кадрҳо барои ин сохторро андешид. «Роҳбари ин сохтор дар баробари мутахассиси соҳибтаҷриба будан, ҳамчунин бояд шахси бовиҷдону поксиришт ва софдил бошад», - иброз дошт ӯ.
Пешвои коммунистон мӯътақид аст, ки таъсиси Палатаи ҳисоб дар пешорӯйи масоили дуздӣ, истифодаи ғайримақсадноки маблағҳои буҷавиву бурсӣ ва сармоягузорӣ монеъаи пурзӯру ҷиддӣ эҷод хоҳад кард.
Дар ҳамин ҳол, Шодӣ Шабдолов инчунин мегӯяд, айни замон дар Тоҷикистон назорати пурзӯр аз болои истифодаи маблағҳои буҷавӣ ва дигар воситаҳои молиявӣ мавҷуд нест. «Ғайр аз ин, зимни муайян кардани шумораи ҳайати шахсии Палати ҳисоб ҳукуматро зарур аст, ки масъалаи бо шумораи зиёди кормандон таъмин кардани ин сохторро ба инобат гирад, зеро вазифаҳои ин ниҳод хеле сершумор хоҳанд буд», - афзуд номбурда.
Ёдрас мекунем, ки аввали моҳи равон вакилони палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ лоиҳаи аз ҷониби хукумат пешниҳодшудаи Қонун «Дар бораи Палатаи ҳисоби ҶТ»-ро якдилона маъқул шумориданд, ки мутобиқи он, дар кишвар мақомоти олии давлатии назорати молиявӣ таъсис дода мешавад.




Идомаи ҳамлаҳои шадид ба Теҳрону Тел-Авив ва изҳороти ду тараф дар бораи поёни ҷанг. Шабонарӯзи гузашта дар Ховари Миёна чӣ гузашт?
Дар 31 муассисаи Тоҷикистон хонандагон дар се баст таҳсил мекардаанд
Чин дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон 9 иншооти сарҳадӣ месозад
Сарфи назар аз афзоиши содирот, касри тавозуни савдои Тоҷикистон зиёд шудааст
“Намоде аз вафодорӣ ба пешаи интихобкардааш”. Тоҷинисо Саидоваро дар оромгоҳи Лучоб ба хок супориданд
Сафири Эрон дар Душанбе: “То охир мубориза мебарем ва таслим нахоҳем шуд”
Дар Тоҷикистон ду рӯз ҳаво сард шуда, борону барф пешбинӣ мешавад
Кумитаи рушди сайёҳӣ мегӯяд, дар намоишгоҳи "ITB Berlin 2026" зиёда аз 20 созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расидааст
“Сомон Эйр” парвозҳояшро дар хатсайри Душанбе-Дубай-Душанбе барқарор мекунад
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 42
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста