Хуҷанд. 17-уми июн. «Азия-Плюс» — | Дар ноҳияи Ашт барои оилаҳое, ки дар таърихи 12-уми июни соли ҷорӣ аз сели даҳшатнок осеб дида уданд, сохтмони манзили зист оғоз мегардад.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз ҳукумати вилояти Суғд хабар доданд, пагоҳ дар шаҳраки Бахмали ноҳия маросими гузоштани хишти аввал ба сохтмони манзилҳо барои оилаҳои осебдидаи деҳаҳои Бободархон ва Сарои ҷамоати Понғоз доир мегардад. «Комиссияи дар маҳалли ҳодиса фаъолиятдошта ошкор сохт, ки на 34 манзил, балки танҳо 17 манзил пурра хароб гардида, соҳибони манзилҳои қисман харобшуда низ дар шаҳраки Бахмал 10 сотихӣ қитъаи замин гирифта, аз ҳисоби худ манзили зист бунёд мекунанд», - гуфтанд дар ҳукумати вилоят.
Ба иттилои манбаъ, барои 17 оилае, ки манзили зисташон пурра хароб гардидааст, шаҳру навоҳии вилояти Суғд манзили сеҳуҷрагӣ бунёд хоҳанд кард. «Анҷоми сохтмони манзилҳо то 1-уми августи соли ҷорӣ ба нақша гирифта шуда, онҳо бо ҳама асбобу лавозимоти рӯзгор таъмин карда мешаванд», - гуфт сарчашма.
Зимнан зикр гардид, ки айни замон маҳалли сохтмон бо оби нӯшокӣ ва нерӯи барқ таъмин гардида, шоми имрӯз 17 оилаи бесарпаноҳмонда ба маҳалли сохтмон меоянд. «То анҷоми сохтмон онҳо дар хаймаҳо зиндагӣ хоҳанд кард ва бо кӯмаки молиявии ҳукумати вилояти Суғд ҳамеша бо маводи ғизоӣ таъмин хоҳанд буд», - афзуд манбаъ.
Ёдрас мекунем, нимаи дуввуми рӯзи 12-уми июн дар ноҳияҳои Ашт, Ғончӣ ва Панҷакент бар асари боришот зиёд сел омада, ба манзили зист ва зербинои маҳаллаҳои аҳолинишин хисороти беҳад ворид сохт.
“Системаи вайрон” ё таъсири терракт дар “Крокус”? Муҳоҷирони тоҷикро намегузоранд аз Қазоқистон вориди Русия шаванд
Тоҷикистон содироти металл ва сангҳои қиматбаҳоро 1251 баробар зиёд кард
“Боиси нигаронӣ нест!” Кумитаи рушди сайёҳӣ хатари бемории “тоун”-ро дар Саратоғ расман шарҳ дод
Имзои шартномаҳо байни соҳибкорони Тоҷикистону Италия ба маблағи зиёда аз 160 млн доллар
Соли 2050 аҳолии Осиёи Марказӣ аз 100 млн нафар зиёд мешавад. Моро чӣ интизор аст?
“Мехост ҷавонро аз хидмат озод кунад”. Боздошти муовини раиси Шаҳритус барои 5 ҳазор сомонӣ пора
Иброҳим Раисӣ гуфт, агар Исроил дубора ба Эрон ҳамла кунад, ин кишварро ба хок яксон мекунад
Оғози “Ҳафтаи соҳибкории иҷтимоӣ” дар Тоҷикистон
Ғалабаи таърихӣ! Мунтахаби футзали Тоҷикистон бори аввал ба Ҷоми ҷаҳон роҳ ёфт
Ҷасади як ҷавонро аз Кӯли ҷавонон берун гирифтанд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста