Душанбе. 20-уми июн. «Азия-Плюс» — | Имрӯз дар шаҳри Душанбе таҳти раёсати вазири маорифи Тоҷикистон Абдуҷаббор Раҳмонов Конфронси XVIII-уми вазирони маорифи кишварҳои узви ИДМ ба кори худ идома медиҳад.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати маорифи ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, дар ҷараёни кори ҷаласа аз фаъолияти ҳамкории кишварҳои узв дар давраи сипаригашта натиҷагирӣ шуда, дурнамои рушди муносибатҳо муайян карда мешаванд. «Дар конфронс ҳамчунин масоили таъсиси Донишгоҳи шабакавии ИДМ, ҷараёни омодагӣ ба Анҷумани II-уми омӯзгорон ва кормандони бахши маорифи кишварҳои узви иттиҳод ва фаъолияти созмонҳои заминавии ИДМ оид ба ҳамкорӣ дар бахши маориф баррасӣ мешаванд, - гуфтанд дар вазорат.
Ба иттилои манбаъ, дар чаҳорҷӯби ҷараёни кори конфронс мулоқоти вазири маорифи Тоҷикистон Абдуҷаббор Раҳмонов ва Русия Андрей Фурсенко баргузор шуда, дар он Протоколи таъсиси филиалҳои Донишкадаи энергетикии Маскав ва Донишгоҳи миллии пажӯҳиши технологии Русия дар Душанбе ба имзо мерасад.
Аз Вазорати маориф ҳамчунин хабар доданд, ки пас аз анҷоми кори конфронс таҳти унвони «Омодасозии мутахассисон ва кадрҳои илмии нав дар партави рушди инноватсионии кишварҳо дар масоили метрология, стандартизатсия ва сертификатсия дар кишварҳои ИДМ» баргузории семинар-тренинг дар назар аст.
Боз 47 зану кӯдаки тоҷикро аз Сурия ба Тоҷикистон баргардониданд
“Акнун ба Чин меравам”. Ҷорӣ шудани низоми раводид бо Туркия ба тоҷирони тоҷик чӣ таъсир дорад?
Арзиши роҳкиро дар кишварҳои Осиёи Марказӣ чӣ қадар аст?
Валентина Матвиенко: “Роҳбарияти Русия нақшаи шадид кардани қонунгузорӣ нисбати муҳоҷиронро надорад”.
Навору хабар фиристед. ВКД аз шаҳрвандон хост, барои пешгирӣ ва ошкор кардани ҷинояту ҷинояткорон ҳамкорӣ кунанд
“АСАН хидмат” - Инноватсия дар соҳаи таъмини хизматрасонии давлатӣ
“Системаи вайрон” ё таъсири терракт дар “Крокус”? Муҳоҷирони тоҷикро намегузоранд аз Қазоқистон вориди Русия шаванд
Тоҷикистон содироти металл ва сангҳои қиматбаҳоро 1251 баробар зиёд кард
“Боиси нигаронӣ нест!” Кумитаи рушди сайёҳӣ хатари бемории “тоун”-ро дар Саратоғ расман шарҳ дод
Имзои шартномаҳо байни соҳибкорони Тоҷикистону Италия ба маблағи зиёда аз 160 млн доллар
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста