Душанбе. 20-уми июн. «Азия-Плюс» — | Донишҷӯёни Донишкадаи исломии Тоҷикистон ғолиби озмуни ҷумҳуриявии ҳифз ва қироати Қуръони Карим шуданд. Дар озмун беш аз 180 нафар довталабон ширкат варзиданд, ки 76 нафари онҳо қориён буданд.

Ҳадафи баргузории ин чорабинӣ омода намудани мутахассисони илми Қуръони Карим, рушди қобилияти зеҳнӣ ва фаъол гардонидани раванди дониш дар муассисаҳои динии кишвар, инчунин муайян намудани беҳтарин қориёни  Куръони азимушаън унвон мешавад.

Иштирокчиёни озмун дар панҷ бахш қувваозмои намуда, дар ҳар яке аз бахшҳо ғолиб муайян карда шуд. Ба ҳайати ҳакамон намояндагони Маркази робитаи ҷаҳони исломи Арабистони Саъудӣ Усмон Халид, Туркия – Аҳмад Ҳамдӣ Йилдирим, Миср – Алӣ Мансур, муовини муфтии Қирғизистон – Мирзо Магомемед ва дигарон шомил буданд. Даври ниҳоии озмун дар Маркази ҷавонони пойтахт доир гардид.

Аз рӯйи натиҷаҳои озмун дар бахши асосӣ се нафар – Муҳаммадиқбол Шарифов, Юсуф Тағоев ва Комрони Комилҷон ғолиб дониста шуда, ба онҳо имкони адои зиёрати Хонаи Каъба дар соли равон фароҳам оварда шуд.

Ректори Доникадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имом Абӯ Ҳанифа Умаралӣ Назаров мегӯяд, хурсандиовар аст, ки сол то сол дар ҷумҳурӣ шумори қориён Қуръони Карим афзуда, чунин чорабиниҳо ба иштирокчиёни он имкон медиҳад, ки донишу малакаҳои худро сайкал бахшида, ба омӯзиши улуми динӣ бештар ҳавасманд гарданд.

Қобили зикр аст, ки озмуни нахустини умумиҷумҳуриявии қориёни Қуръон дар ҷумҳурӣ соли 2009 бо ташаббуси президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон доир гардид. Соли гузашта донишҷӯйи соли саввуми Донишкадаи исломии Тоҷикистон Кароматулло Тайфуров дар озмун ғолиб омада, ба зиёрати Хонаи Каъба мушарраф гардид. Ҳамчунин соли гузашта, яке аз ғолибони  ин озмун Набиаллоҳ Саидов дар миёни намояндагони 75 давлати ҷаҳон дар Мисри Араб ба гирифтани мақоми аввали озмун сазовор гардида буд.