Душанбе. 22-юми июн. «Азия-Плюс» — | Соати 4-и субҳи рӯзи 22-уми июн дар Боғи Ғалабаи пойтахт ба муносибати 70-умин солгарди оғози Ҷанги Бузурги Ватанӣ маросими поси хотира доир гардида, ба хотири қурбониёну шаҳидони ин ҷанги хонумонсӯз садҳо шамъҳо фурӯзон карда шуданд.
Иқдоми мазкур бо ибтикори шабакаи телевизионии «Мир» созмон дода шуда, пули телевизионӣ мустақиман пойтахтҳои нӯҳ кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва шаҳри Санкт-Петербургро ба ҳам пайваст.
Дар гуфтугӯйи мустақими телевизионӣ дар бораи қаҳрамонии бемислу монанди ҷанговарони шӯравӣ, ки ҷаҳонро аз асорати фашизм эмин доштанд ва поси хотири собиқадорони ҷанг сухан рафт.
Қоили зикр аст, ки замони ҷанг аз кишварҳои собиқи шӯравии дар алангаи муҳорибаҳо қарордошта беш аз 40 ҳазор нафар ба Тоҷикистон кӯчонида шуда буданд. Бино ба иттилои расмӣ, дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ ҳудуди 290 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иштирок намуда, зиёда аз 90 ҳазор ҷони худро аз даст додаанд. Тибқи маълумоти Кумитаи собиқадорони Тоҷикистон, айни замон дар ҷумҳурӣ 2225 нафар собиқадорон ва маъюбони Ҷанги Бузурги Ватанӣ зиндагӣ мекунанд.
“Чанд ҳавопаймои бесарнишин сарнагун шуд”. Исроил ба Эрон ҳамлаи ҷавобӣ кард?
Ирсоли 3,5 ҳазор тонна кӯмаки башардӯстонаи Тоҷикистон ба осебдидагони Қазоқистон
Тақсими об дар Осиёи Марказӣ: барои обёрӣ ва баҳри Арал
Ҳабси маъмурӣ ва маҳрумият аз ронандагӣ. Вокуниш ба навори “Азия-Плюс”
Боздошти ду мансабдор бо иттиҳоми порагирӣ ва заминфурӯшӣ
Муҳоҷирон бо як патент метавонанд дар якчанд минтақаи Русия кор кунанд
Аз Юлдуз Усмонова то Фурқати Саид. Тақдими унвони Ҳофиз ва Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистону Ӯзбекистон ба 10 санъаткори ду кишвар
Аъзои нави тими Рустами Эмомалӣ. Киҳо дар шаҳрдории Душанбе аз вазифа озод шуданд ё мансаби нав гирифтанд?
Эмомалӣ Раҳмон бо Шавкат Мирзиёев Аҳднома дар бораи муносибатҳои ҳампаймонӣ имзо карданд
Корҳои таъмиру навсозии қитъаи душворгузари роҳи Душанбе - Хоруғ тезонида мешаванд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста