Душанбе. 22-юми июн. «Азия-Плюс» — | Натиҷаҳои пешакии маъракаи барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил, ки тирамоҳи соли 2010-ум дар Тоҷикистон доир гардида буд, ҷамъбаст шуд.
Дар ҷараёни кори мизи мудаввар бахшида ба ин масъала сардори раёсати барӯйхатгирии аҳолии Агентии омори назди президенти Тоҷикистон Зебо Исмоилова гуфт, то ахири сол аз маълумоти дақиқ дар бораи шумораи аҳолӣ, таркиби синнусолӣ ва ҷинсияти он, таркиби миллӣ, сатҳи маълумотнокӣ, таносуби аҳолии шаҳру деҳот ва ғайра натиҷагирӣ хоҳад шуд.
З. Исмоилова мегӯяд, мутобиқи маълумоти пешакии барӯйхатгирии аҳолӣ, шумораи аҳолии Тоҷикистон нисбат ба маълумоти маъракаи барӯйхатгирии аҳолӣ дар соли 2000-ум ба миқдори 23% афзудааст. «Агар шумораи аҳолии доимии Тоҷикистон дар соли 2000-ум 6 млн. 127 ҳазор нафарро ташкил медод, пас айни замон шумораи аҳолии доимии Тоҷикистон то 7 млн. 565 ҳазор нафар афзудааст ва ин гувоҳи он аст, ки равандҳои рушд дар Тоҷикистон ба таври мутавозин сурат мегиранд», - гуфт ӯ.
Ба қавли мавсуф, сарфи назар аз афзоиши раванди муҳоҷирати аҳолии шаҳр ба хориҷи кишвар, дар давраи солҳои 2000-2010 шумори аҳолии шаҳрҳо дар Тоҷикистон ба миқдори 379 ҳазор нафар ё худ 23,3% зиёд шудааст. «Дар ин давра шумораи аҳолии деҳоти ҷумҳурӣ ба миқдори 1 млн. 59 ҳазор нафар афзуд», - гуфт ӯ.
Дар ҳамин ҳол, гуфта мешавад таносуби шумораи занону мардон дар ин давра тағийр ёфта, нисбат ба занон мардон бештар шудаанд. Мутобиқи маълумоти агентӣ, айни замон дар Тоҷикистон шумори мардон 3 млн. 813 ҳазор ва занон 3 млн. 752 ҳазор нафарро ташкил медиҳад, ки ба 1 ҳазор нафар мардон дар ҷумҳурӣ 984 занон рост меоянд.
Зимнан зикр гардид, ки натоиҷи ниҳоии маъракаи барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзили соли 2010-ум марҳила ба марҳила то соли 2013 ҷамъбаст карда хоҳанд шуд.
Рамазон Раҳимзода гуфт, баъзе ҷинояткорон дар Италия бо баҳонаи "гуреза" пинҳон шудаанд
Хонандагон аз шарикдарси тоҷикашон узр пурсиданд. Оғози таҳқиқи латукӯби хонандаи тоҷик аз сӯи Кумитаи тафтишот
Дар Исфара бар асари сел таҳхонаҳо ва иншооти ёрирасон зери об монданд
Норак Дэвид Кэмеронро бо чӣ мафтун кард?
Байни Тоҷикистону Италия 7 санади ҳамкорӣ ба имзо расид
Тавофуқи Тоҷикистону Ӯзбекистон доир ба гузариши транзитии мошинҳои боркаш бе рухсатнома
“Эҳтимоли хуруҷи беморӣ зиёд аст”. Кумитаи рушди сайёҳӣ аз ширкатҳои сайёҳӣ хост, ҷаҳонгардонро ба Саратоғ набаранд
Паёмади бозгашти муҳоҷирони корӣ аз Русия ба Тоҷикистон чӣ хоҳад буд?
Дар Душанбе як навраси 13-сола аз ошёнаи 16-ум худро ба зер партофтааст
Дар Суғд аз қочоқи дорувории тиббӣ аз Қирғизистон пешгирӣ шуд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста