Қӯрғонтеппа. 22-юми июн. «Азия-Плюс» — | Мақомоти раҳбарии масҷиди марказии шаҳри Қӯргонтеппа эълон кард, ки дар мадрасаи назди масҷид барои кӯдакони аз синни 7-сола боло курсҳои кӯтоҳмуддати омӯзиши ислом  ифтитоҳ мегардад.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз масҷиди мазкур хабар дод, ин курсҳо ба хотири он ташкил карда шудаанд, ки «наврасону кӯдакон дар давраи таътил ба беҳудагардиву корҳои ношоям даст назада, дар ин ҷо бо асосҳои улуми ислому шариат аз наздик ошно гарданд». «Кӯдакон бо розигии падару модаронашон ба курсҳо қабул гардида, аллакай даҳҳо нафар ба омӯзиш шурӯъ карданд», - гуфт ӯ.

Манбаъ афзуд, тасмими мазкур ҳамчунин бо мақсади пешгирии таълимоти ғайриқонунии ислом аз ҷониби ашхоси ноогоҳ, ки саводи казоии динӣ ва иҷозатномаи дахлдор надоранд, низ рӯйи кор омадааст.

Зимнан таъкид бояд намуд, ки тайи чанд моҳи ахир додгоҳи шаҳри Қӯрғонтеппа 4 нафар сокини шаҳрро барои роҳандозии таълимоти ғайриқонунии динӣ дар хонаҳояшон ба ҷазои маъмурӣ маҳкум кард.