Дар Душанбе дар сини 82-солагӣ пас аз бемории начандон тӯлонӣ Ходими шоистаи санъати Тоҷикистон, Рассоми мардумии Тоҷикистон Зуҳур Ҳабибуллоев аз олам даргузашт.

Зуҳур Ҳабибуллоев таҳсилкардаи Омӯзишгоҳи олии ҳунарӣ-саноатии ба номи Мухинаи шаҳри Ленинград (солҳои 1953-1959) аст.  Чанд муддат дар омӯзишгоҳи санъати Душанбе ба ҳайси омӯзгор фаъолият намудааст.

Шурӯъ аз соли 1960 асарҳои Зуҳур Ҳабибуллоев намоишгоҳҳои ҷумҳуриявӣ ва байнулмилалиро оро медоданд. Айни замон асарҳои офаридаи ӯ дар осорхонаҳо ва бойгониҳои шахсии Тоҷикистону Русия ва кишварҳои Аврупову Осиё маҳфузанд.

Зуҳур Ҳабибуллоев имрӯз дар яке аз оромгоҳҳои пойтахт ба хок супурда мешавад.