56 нафар мансабдорони вилояти Хатлон барои изофанависӣ муҷозот шуданд.
Давлатшо Гулмаҳмадов, раиси вилояти Хатлон зимни як нишасти хабарӣ ба рӯзноманигорон гуфт, ки аз рӯзи аввали ба маснади раиси вилоят нишастанаш бар зидди изофанависӣ мубориза бурда истодааст.
«Мо масъалаи кишти пахтаро мавриди баррасӣ қарор додем, ки дар вилоят бояд дар майдони 128 ҳазор гектар кишти пахта гузаронида мешуд. Бо анҷоми мавсими кишт, мувофиқи ҳисоботҳои оморӣ, гуё нақшаи кишт пурра иҷрои шудаву кишти пахта дар майдони 128 ҳазор га гузаронида шудааст. Аммо вақте мо санҷида баромадем, маълум шуд, ки 8 ҳазор гектар изофанависӣ шудааст», - иброз дошт Гулмаҳмадов.
Ба гуфти раиси вилоят, аз 56 нафар мансабдорони муҷозотшуда 46 нафарашон аз муовинони раисони шаҳру навоҳӣ сар карда то раиси ҷамоату кумитаи заминсозию дигар масъулон аз мансабҳои худ барканор карда шудаанд.
Ҳамчунин раиси вилоят хабар дод, ки аз Прокуратураи генералӣ хоҳиш кардааст, ки тақдири 100 тонна пахтаи мавсими соли гузаштаро муаяйн намояд.
«Ин 100 тонна пахта дар омор мегузарад, вале дар асл нест, - гуфт ӯ - Шояд ин ҷо низ изофанависӣ шуда бошад ва ё пахта дар кадом як тагхона ва ё дигар ҷой пинҳон карда шудааст. Аз ин хотир мо аз Прокуратураи Генерали дархост кардем, ба ин масъала рӯшани андозад».




Ҷашни Меҳргон дар Душанбе чӣ гуна таҷлил гардид?
Дар Душанбе шаҳраки нави саноатӣ ва се корхонаи калон ба истифода дода шуд
Интиқодҳо аз сабқати Асҳоб Тамаев дар Душанбе. Дар Тоҷикистон пойгаи мошинҳо иҷозат аст?
“Як паёмак сабаб шуд”. Додситонии Хатлон бархе ҷузъиёти ба дарё андохтани 4 кӯдак аз сӯи модарашонро шарҳ дод
"Моҳӣ дар шаст” соҳиби Шоҳҷоизаи Синамоҷашнвораи байналмилалии “Тоҷи Сомон” шуд. Боз кӣ ва чӣ ҷоиза гирифт?
Боздошти як нафари дигар бо гумони қаллобӣ дар фурӯши хона дар Душанбе
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 3
Даргузашти Кароматуллоҳи Мирзо, Нависандаи халқии Тоҷикистон дар 83-солагӣ
Нон дар Тоҷикистон чанд сомонӣ аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 октябри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста