Дар минтақаи шимоли ҷумҳурӣ тамоили афзоиши гирифторӣ ба бемории Вируси норасоии масунияти одам (ВНМО, ВИЧ)/Бемории пазируфтаи норасоии масуният (БПНМ, СПИД) ба қайд гирифта шуда, имсол бори нахуст 15 нафар ноболиғони гирифтор ба ин беморӣ ошкор шудаанд.
Зимни нишасти хабарӣ сардори Раёсати тандурустии вилояти Суғд Собир Собиров дар ин робита изҳор намуд, ки нимослдаи аввали соли ҷорӣ дар қаламрави вилоят 132 нафар мубталоёни нави бемории СПИД ошкор шуда,миёни онҳо 73 нафарашон мардон, 59 нафарашон занон ва 15 тан ноболиғон мебошанд. «Дар ҳамин давраи соли гузашта дар қаламрави минтақаи шимоли кишвар 87 нафар гирифторони нави ин беморӣ ба қайд гирифта шуда буданд», - иброз дошт ӯ.
Ба гуфтаи Собиров, аз шумори умумии беморони тозасабтшуда 57 нафарашон (43,1%)-ро афроди синни 30-39-сола ташкил медиҳанд. «Аз ин шумор 17 нафар тариқи сӯзандору, 99 нафар ба воситаи алоқаи ҷинсӣ, 12 нафар аз модар ба кӯдак ва боз 4 нафари дигар бо роҳи номаълум аз ин беморӣ сироят ёфтаанд», - қайд кард номбурда.
Зимнан зикр гардид, ки дар минтақаи шимоли кишвар аз замони бори нахуст ошкор шудани шахси гирифтор ба ин беморӣ дар соли 2001, то 1-уми июли соли ҷорӣ 1 ҳазору 194 шахсони мубтало ба ВНМО/БПНМ ба қайд гирифта шуда, давоми ин солҳо аз ин беморӣ 287 нафар ба ҳалокат расидаанд.




Ҷашни Меҳргон дар Душанбе чӣ гуна таҷлил гардид?
Дар Душанбе шаҳраки нави саноатӣ ва се корхонаи калон ба истифода дода шуд
Интиқодҳо аз сабқати Асҳоб Тамаев дар Душанбе. Дар Тоҷикистон пойгаи мошинҳо иҷозат аст?
“Як паёмак сабаб шуд”. Додситонии Хатлон бархе ҷузъиёти ба дарё андохтани 4 кӯдак аз сӯи модарашонро шарҳ дод
"Моҳӣ дар шаст” соҳиби Шоҳҷоизаи Синамоҷашнвораи байналмилалии “Тоҷи Сомон” шуд. Боз кӣ ва чӣ ҷоиза гирифт?
Боздошти як нафари дигар бо гумони қаллобӣ дар фурӯши хона дар Душанбе
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 3
Даргузашти Кароматуллоҳи Мирзо, Нависандаи халқии Тоҷикистон дар 83-солагӣ
Нон дар Тоҷикистон чанд сомонӣ аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 октябри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста