Раиси Кумитаи иҷроияи Шӯрои Донишгоҳи Осиёи Марказӣ (ДОМ) Шамшг Кассим-Лакҳа зимни сафар ба шаҳри Хоруғ изҳор намуд, ки Cарвари Донишгоҳ, Аълоҳазрат Оғохон мудирияти ДОМ-ро вазифадор намуданд, ки ба суръати корҳои сохтмони кампуси Хоруғ вусъат бахшида шавад.
«Аз оғози моҳи сентябр ДОМ бунёди сохтмони кампуси асосии академикии худро оғоз кунад. Хоруғ як макони душвор барои сохтмон аст, вале мо мутмаин ҳастем, ки ин Донишгоҳ ба таври комил кампуси худро барои донишомӯзон дар моҳи сентябри 2018 боз мекунад», - қайд кардааст ӯ.
Тавре ба «Азия-Плюс» аз намояндагии Мактаби маълумоти касбӣ ва давомдори ДОМ хабар доданд, ҳайати ин кумита аз макони кампуси ДОМ дар шаҳри Хоруғ, ки дар баландии 2100 метр аз сатҳи баҳр ҷойгир аст ва макон барои сохтмон аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин гардидааст, боздид намуданд.
Ба иттилои манбаъ, Кумитаи иҷроияи ДОМ раҳбарии умумӣ ба рушди донишгоҳи мазкур дар Қирғизистон, Қазоқистон ва Тоҷикистонро, ки ҳукуматҳои ин кишварҳо бар асоси Шартномаи байнулмилалии баимзорасида бо Аълоҳазрат Оғохон таъсис додаанд, амалӣ менамояд.
«Донишгоҳи Осиёи Марказӣ ин як Донишгоҳ дар се кишвар бо пешниҳод намудани меъёрҳои байналмилалии маълумоти олӣ мебошад. Зарур нест, ки донишҷӯёни Тоҷикистон то моҳи сентябри соли 2018 барои дохил шудан ба ДОМ мунтазир шаванд. Кампуси Нарини Ҷумҳурии Қирғизистон метавонад аз моҳи сентябри соли 2016 донишҷӯёнро аз минтақаҳо ба омӯзиш фаро гирад. Ҳар як кампуси Донишгоҳ ихтисосҳои хоси худро доранд, ки пас аз ба даст овардани маълумоти ду солаи тайёрӣ ва умумӣ оғоз мегардад. Кампуси Хоруғ ихтисосҳои мутобиқ ба талаботи баланди бозор дар риштаҳои улуми замин ва муҳити зист, фарҳанг, иртиботот ва расона ва мутолиоти рушдро пешкаш мекунад. Кампуси Нарин ба риштаҳои иқтисодиёт, улуми компютер ва Мутолиоти Осиёи Марказӣ ва Кампуси Текили (дар Қазоқистон бояд баъд аз кампуси Хоруғ кушода мешавад) ба риштаҳои улуми муҳандисӣ, соҳибкорӣ ва мутолиоти ҷаҳонишавӣ (глобализатсия) равона шудаанд», - иттилоъ медиҳад манбаъ.




Ҷашни Меҳргон дар Душанбе чӣ гуна таҷлил гардид?
Дар Душанбе шаҳраки нави саноатӣ ва се корхонаи калон ба истифода дода шуд
Интиқодҳо аз сабқати Асҳоб Тамаев дар Душанбе. Дар Тоҷикистон пойгаи мошинҳо иҷозат аст?
“Як паёмак сабаб шуд”. Додситонии Хатлон бархе ҷузъиёти ба дарё андохтани 4 кӯдак аз сӯи модарашонро шарҳ дод
"Моҳӣ дар шаст” соҳиби Шоҳҷоизаи Синамоҷашнвораи байналмилалии “Тоҷи Сомон” шуд. Боз кӣ ва чӣ ҷоиза гирифт?
Боздошти як нафари дигар бо гумони қаллобӣ дар фурӯши хона дар Душанбе
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 3
Даргузашти Кароматуллоҳи Мирзо, Нависандаи халқии Тоҷикистон дар 83-солагӣ
Нон дар Тоҷикистон чанд сомонӣ аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 октябри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста