Рӯзи 16 июли соли 2014 Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев ҳайати Бонки Умумиҷаҳониро таҳти сарварии роҳбари Лоиҳаи дуюми обтаъминкунии шаҳри Душанбе ҷаноби Пйер Франческо Мантованӣ бо хоҳиши онҳо ба ҳузур пазируфт.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти мақомоти шаҳрдории пойтахт, зимни мулоқот ҷонибҳо корҳои то ба имрӯз анҷомгирифтаро дар доираи татбиқи Лоиҳаи дуюми обтаъминкунии шаҳри Душанбе, ки тӯли панҷ сол бо азхудкунии 16 млн $ гранти бебозгашти Бонки Умумиҷаҳонӣ ва 3 млн $ маблағгузории Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе баҳри расидан ба ҳадафҳои пешбинигардида - ташкили фаъолияти самараноки КВД «Обу корези Душанбе» барои кам кардани талафот ва сарфаи оби истеҳсолшуда ба василаи насби ҳисобкунакҳои обӣ, беҳбудбахшии вазъи молиявӣ ва таъмини худмаблағгузорию рушди институтсионалӣ ва худидоракунии корхона сафарбар карда шуда, бобати амалисозии он ширкати олмонии CES Consulting Engineers Saizgitter GmbH мушовир интихоб гардидааст, мавриди баррасӣ қарор дода, ҷараёни корҳои амалигаштаи лоиҳавиро мусбӣ арзёбӣ намуданд.
Пеш аз ҳама зикр гардид, ки насби ҳисобкунакҳои обӣ, ки имрӯз тибқи Лоиҳа дар минтақаҳои алоҳидаи шаҳр бо 45% фарогирии муштариёни КВД «Обу корези Душанбе» амалӣ шуда истодааст, барои роҳандозии фарҳанги истеъмоли каммасрафи оби нӯшокӣ аз ҷониби муштариён мусоидат намуда, ба таъмини фишори об дар ошёнаҳои болоии биноҳои насбшуда дастёб гаштааст.
Дар ин росто, масъалаи бо ҷалби маблағҳои иловагии Бонки Умумиҷаҳонӣ ва саҳмгузории шаҳрдорӣ дарёфти манбаъҳои иловагӣ оид ба насби саросарии ҳисобкунакҳои обӣ ба кулли муштариёни КВД «Обу корези Душанбе», ки беш аз 181 ҳазорро ташкил медиҳанд, мувофиқ ба мақсад арзёбӣ гардида, ҷонибҳо аз омодагии хеш дар ҳалли он баён доштанд.
Маҳмадсаид Убайдуллоев таъкид дошт, ки дар марҳилаи феълӣ тамоми потенсиали ҷонибҳо бояд баҳри таъмини хизматрасонии дарозмуддати ҳисобкунакҳои обии насбшуда ва ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон равона карда шаванд. Барои ин, ҷиҳати роҳнаёбии регмайдаҳои таҳшинӣ ба шоҳқубурҳои интиқоли об, масъалаи шинонидани обполакҳои пуриқтидор дар истгоҳи обтаъминкунии «Худҷореъ» ва беҳдошти ҳолати шабакаҳои корезию пойгоҳи обтозакунии корезии КВД «Обу корези Душанбе» аз ҷониби Бонки Умумиҷаҳонӣ матраҳ карда шавад.
Ҷаноби Пйер Франческо Мантованӣ аз пешниҳодоти ироашуда бо қаноатмандӣ пазиройӣ намуда, афзуд, ки баҳри амалпаймойии онҳо тамоми имкониятҳои мавҷударо сафарбар сохта, нисбати дар 18 моҳи боқимонда пурсамар татбиқ кардани кулли нишондиҳандаҳои Лоиҳаи дуюми обтаъминкунии шаҳри Душанбе барномаи фаъолияти муштараки ҷонибҳоро тарҳрезию мавриди иҷро қарор хоҳад дод.



Ҷашни Меҳргон дар Душанбе чӣ гуна таҷлил гардид?
Дар Душанбе шаҳраки нави саноатӣ ва се корхонаи калон ба истифода дода шуд
Интиқодҳо аз сабқати Асҳоб Тамаев дар Душанбе. Дар Тоҷикистон пойгаи мошинҳо иҷозат аст?
“Як паёмак сабаб шуд”. Додситонии Хатлон бархе ҷузъиёти ба дарё андохтани 4 кӯдак аз сӯи модарашонро шарҳ дод
"Моҳӣ дар шаст” соҳиби Шоҳҷоизаи Синамоҷашнвораи байналмилалии “Тоҷи Сомон” шуд. Боз кӣ ва чӣ ҷоиза гирифт?
Боздошти як нафари дигар бо гумони қаллобӣ дар фурӯши хона дар Душанбе
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 3
Даргузашти Кароматуллоҳи Мирзо, Нависандаи халқии Тоҷикистон дар 83-солагӣ
Нон дар Тоҷикистон чанд сомонӣ аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 октябри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста