Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди ҳукумати Тоҷикистон Хайриддин Абдураҳимов назди журналистон эътироф намуд, ки ба ивази ному насаби русии худ он қадр шитоб надорад.
«Ман аксар вақт ба хориҷа сафар мекунам ва намехоҳам, ки бо мушкилоти марбут ба ному насабам дучор гардам. Бархе нафароне, ки ному насбашонро ба шакли тоҷикӣ иваз карданд, дар хориҷи кишвар ба мушкилот мувоҷеҳ мегарданд, вале дар ин бора хомӯширо авло медонанд. Вақте нахуст ин тамоил пайдо шуд, бисёриҳо ному насабашонро иваз намуда, ба Русия сафар карданд, вале баъди чанде баргашта, ному насаби пешинаашонро гирифтанд, зеро бо мушкилоти муайяне дучор шуда буданд», - гуфт зимни нишасти хабарии имрӯза Абдураҳимов.
Ӯ зикр кард, ки ба пайравӣ ба мансабдорони дигар он қадр шитоб надорад. «Агар ивази ному насаб ба муҳаббати шахс ба ватану миллат биафзояд, ман инро бидуни мушкилоте анҷом медодам. Дар ҳама гуна ҳолат, чанд соли дигар боқӣ мондааст ва хизматро ба итмом расонида, ному насбамро ба тоҷикӣ иваз мекунам, зеро метавонанд фикр кунанд, ки ман ватандӯст нестам», - иброз дошт раиси КҲФ ва МГ.
Ёдрас мекунем, ки тамоили ивази ному насбаи русӣ ба тоҷикӣ пас аз ному насабашро аз Эмомалӣ Раҳмонов ба Эмомалӣ Раҳмон иваз намудани сарвари давлат дар соли 2007 ба вуҷуд омад.
Моҳи январи соли ҷорӣ бошад, прокурори генералии Тоҷикистон Шерхон Салимзода изҳор кард, ки солҳои охир даст кашидан аз тарзҳои миллии номгузорӣ зиёд ба мушоҳида расида, шахсони мансабдори мақомоти давлатӣ ба ин мусоидат менамоянд.
Ҳамин тариқ тайи моҳҳои ахир биёре аз мансабдорони воломақоми Тоҷикистон номҳои худро ба шакли тоҷикӣ иваз намуданд. Муоини вазири корҳои хориҷӣ Озода Раҳмонова ба Раҳмон Озода Эмомалӣ, роҳбари Агентии зиддифасод Саидов Фаттоҳ Ғоибович ба Абдуфаттоҳи Ғоиб, вазири кишоварзӣ Қосимов Қосимҷон Раҳбарович ба Қосими Роҳбар, вазири тандурустӣ ва ҳифзи аҳолӣ Салимов Нусратулло Файзуллоевич ба Нусратулло Файзулло, раиси Хадамоти алоқа Зуҳуров Бег Сабурович ба Бег Сабурӣ, мушовири давлатии президент оид ба сиёсати хориҷӣ Эркин Раҳматуллоев ба Эркинхон Раҳматуллозода табдили ному насаб карданд.




Ҷашни Меҳргон дар Душанбе чӣ гуна таҷлил гардид?
Дар Душанбе шаҳраки нави саноатӣ ва се корхонаи калон ба истифода дода шуд
Интиқодҳо аз сабқати Асҳоб Тамаев дар Душанбе. Дар Тоҷикистон пойгаи мошинҳо иҷозат аст?
“Як паёмак сабаб шуд”. Додситонии Хатлон бархе ҷузъиёти ба дарё андохтани 4 кӯдак аз сӯи модарашонро шарҳ дод
"Моҳӣ дар шаст” соҳиби Шоҳҷоизаи Синамоҷашнвораи байналмилалии “Тоҷи Сомон” шуд. Боз кӣ ва чӣ ҷоиза гирифт?
Боздошти як нафари дигар бо гумони қаллобӣ дар фурӯши хона дар Душанбе
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 3
Даргузашти Кароматуллоҳи Мирзо, Нависандаи халқии Тоҷикистон дар 83-солагӣ
Нон дар Тоҷикистон чанд сомонӣ аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 октябри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста