Анонс
- Дар Душанбе ҷаласаи навбатии иҷлосияи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон баргузор мешавад.
- Оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолият дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ нишасти хабарии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди ҳукумати ҶТ доир мегардад. Оғоз соати 09-00 дар бинои Кумита;
- Зимни нишасти хабарии Вазорати кишоварзии Тоҷикистон аз фаъолияти Вазорат дар нимсолаи аввали соли равон натиҷагирӣ мешавад. Оғоз соати 10:00;
- Соати 14:00 ҳамчунин Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолият дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ нишасти матбуотӣ баргузор мекунад;
- Аз 17 то 23-юми июл дар шаҳри Қазон Чемпионати ҷаҳон оид ба шамшербозӣ (фехтование) баргузор мешавад, ки дастаи Тоҷикистонро дар он 6 нафар варзишгарон намояндагӣ мекунанд;
- Рӯзҳои 17-18-уми июл дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Чемпионати ИДМ оид ба дэюдо миёни Қувваҳои Мусаллаҳ, ки дар шаҳри Ереван баргузор мегардад, иштирок мекунад. Ба ҳайати дастаи Тоҷикистон 5 нафар варзишгарон шомиланд.
Қ урби асъор
Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:
1 доллари ИМА - 4.9410 сомонӣ;
1 евро - 6.6851 сомонӣ;
1 рубли русӣ - 0.1434 сомонӣ.
Як р ӯ зи таърих
2001 – Мушовири давлатии президент оид ба масоили байнулмилалӣ Каримҷон Юлдошев дар натиҷаи амали террористӣ ба ҳалокат расид. Бо назардошти қобилияти баланди касбӣ ва таҷрибаи бойи дипломатӣ, ҳама сарварони давлати солҳои ахир ӯро барои кор ба назди худ даъват мекарданд.
2006 — Дар Душанбе маросими муаррифии лоиҳаи Федератсияи байнулмилалии Хелсинки оид ба ҳуқуқи инсон дар мавриди бекор шудани ҳукми қатл дар минтақаи Осиёи Марказӣ доир гардид.
1906-1990 – Зодрӯзи олими таърихшинос, ректори нахустини Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон академик Зариф Раҷабов.
1936-1996 – Мавлуди доктори улуми биологӣ Усмон Холдоров.
1942 – Зодрӯзи нависанда Ҳоҷӣ Мурод.
1957 – Мавлуди Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ Набӣ Акрамов.
Вазъи обу ҳ аво
Дар вилояти Хатлон — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот, баъзан чангу ғубор мефарояд.
Ҳарорат: дар водиҳо шабона +20+25, рӯзона +35+40, дар доманакӯҳҳо шабона +14+19, рӯзона +29+34.
Дар вилояти Суғд — Обуҳавои тағйирёбанда, дар водиҳо аксаран бидуни боришот, дар баъзе ноҳияҳои доманакӯҳ борони кӯтоҳмуддат, раъду барқ.
Ҳарорат: дар водиҳо шабона +17+22, рӯзона +32+37, дар доманакӯҳҳо шабона +9+14, рӯзона +21+26.
Дар Ноҳияҳои тобеи марказ — Обуҳавои тағйирёбанда, дар водиҳо аксаран бидуни боришот, дар баъзе ноҳияҳои доманакӯҳ борони кӯтоҳмуддат, раъду барқ.
Ҳарорат: дар водиҳо шабона +15+20, рӯзона +34+39, дар доманакӯҳҳо шабона +11+16, рӯзона +25+30.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон — Обуҳавои тағйирёбанда, баъзан борони кӯтоҳмуддат меборад.
Ҳарорат: дар ғарби ВМКБ шабона +11+16, рӯзона +27+32; дар шарқи вилоят шабона +2+7, рӯзона +18+23.
Дар шаҳри Душанбе — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот, каме чангу ғубор мефарояд.
Ҳарорат: шабона +15+17, рӯзона +34+36.
Дар шаҳри Хуҷанд — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.
Ҳарорат: шабона +19+21, рӯзона +33+35.
Дар шаҳри Қӯрғонтеппа — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот, каме чангу ғубор мефарояд.
Ҳарорат: шабона +19+21, рӯзона +36+38.
Дар шаҳри Хоруғ — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришоти назаррас.
Ҳарорат: шабона +14+16, рӯзона +29+31.




Ҷашни Меҳргон дар Душанбе чӣ гуна таҷлил гардид?
Дар Душанбе шаҳраки нави саноатӣ ва се корхонаи калон ба истифода дода шуд
Интиқодҳо аз сабқати Асҳоб Тамаев дар Душанбе. Дар Тоҷикистон пойгаи мошинҳо иҷозат аст?
“Як паёмак сабаб шуд”. Додситонии Хатлон бархе ҷузъиёти ба дарё андохтани 4 кӯдак аз сӯи модарашонро шарҳ дод
"Моҳӣ дар шаст” соҳиби Шоҳҷоизаи Синамоҷашнвораи байналмилалии “Тоҷи Сомон” шуд. Боз кӣ ва чӣ ҷоиза гирифт?
Боздошти як нафари дигар бо гумони қаллобӣ дар фурӯши хона дар Душанбе
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 3
Даргузашти Кароматуллоҳи Мирзо, Нависандаи халқии Тоҷикистон дар 83-солагӣ
Нон дар Тоҷикистон чанд сомонӣ аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 октябри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста