Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Қӯрғонтеппа барои таъмири асосии мактабҳои шаҳр 5 миллион сомонӣ ихтисос додааст.
Чуноне ки иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳр Амирулло Асадулло зимни нишасти матбуотӣ изҳор дошт, дар маркази вилояти Хатлон 18 мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ фаъолият мекунанд, ки аксарашон ба таъмири асосӣ ниёз доранд.
«Дар чанд соли охир барои таъмири асосии мактабҳои шаҳр аҳамият надодаанд. Бинобар ин, мо тасмим гирифтем, ки мактабҳоро як маротиба аз таъмири асосӣ барорем»,- иброз дошт ӯ.
Ба гуфта номбурда, соли оянда дар шаҳри Қӯрғонтеппа сохтмони ду мактаби нави муосири таҳсилоти умумӣ ба нақша гирифта шудааст.
Бояд гуфт, ки раиси вилояти Хатлон Давлатшо Гулмаҳмадов зимни як вохӯрӣ бо фаъолони маркази вилоят аз набудани як мактаби нави замонавӣ дар шаҳри Қӯрғонтеппа ёдовар шуда буд.



Ҷашни Меҳргон дар Душанбе чӣ гуна таҷлил гардид?
Дар Душанбе шаҳраки нави саноатӣ ва се корхонаи калон ба истифода дода шуд
Интиқодҳо аз сабқати Асҳоб Тамаев дар Душанбе. Дар Тоҷикистон пойгаи мошинҳо иҷозат аст?
“Як паёмак сабаб шуд”. Додситонии Хатлон бархе ҷузъиёти ба дарё андохтани 4 кӯдак аз сӯи модарашонро шарҳ дод
"Моҳӣ дар шаст” соҳиби Шоҳҷоизаи Синамоҷашнвораи байналмилалии “Тоҷи Сомон” шуд. Боз кӣ ва чӣ ҷоиза гирифт?
Боздошти як нафари дигар бо гумони қаллобӣ дар фурӯши хона дар Душанбе
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 3
Даргузашти Кароматуллоҳи Мирзо, Нависандаи халқии Тоҷикистон дар 83-солагӣ
Нон дар Тоҷикистон чанд сомонӣ аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 октябри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста