Коллеҷи санъати шаҳри Кӯлоб ба номи Кароматулло Қурбонов ҷиҳати ифтитоҳи шуъбаҳои нави «коргардон-басаҳнагузоранда» ва «дирижёри хор» дар коллеҷ аз вазорату идораҳои соҳавии кишвар иҷозатнома дарёфт кард.
Муовини сардори Раёсати фарҳанги вилояти Хатлон дар минтақаи Кӯлоб Хайрулло Тоҳиров ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки айни замон қабули ҳуҷҷатҳои довталабон ба ин шуъбаҳо, ки 25 нафар ба ҳар кадоме аз шуъбаҳо дохил мешаванд, ба итмом расида истодааст.
Ба гуфтаи ӯ, дар вилоят норасоии чунин мутахассисон ба мушоҳида мерасад. «Ҳамаи талоши мо баҳри омӯзиши ҷавонони минтақа дар шаҳри Душанбе ба ин ихтисосҳо бо он анҷом ёфтанд, ки минбаъд онҳо ба хонаҳояшон барнагаштанд», - зикр кард номбурда ва илова намуд, ки ифтитоҳи ин шуъбаҳо ба ҳалли мушкилоти норасоии кадрҳо дар театрҳои минтақа мусоидат мекунад.



Ҷашни Меҳргон дар Душанбе чӣ гуна таҷлил гардид?
Дар Душанбе шаҳраки нави саноатӣ ва се корхонаи калон ба истифода дода шуд
Интиқодҳо аз сабқати Асҳоб Тамаев дар Душанбе. Дар Тоҷикистон пойгаи мошинҳо иҷозат аст?
“Як паёмак сабаб шуд”. Додситонии Хатлон бархе ҷузъиёти ба дарё андохтани 4 кӯдак аз сӯи модарашонро шарҳ дод
"Моҳӣ дар шаст” соҳиби Шоҳҷоизаи Синамоҷашнвораи байналмилалии “Тоҷи Сомон” шуд. Боз кӣ ва чӣ ҷоиза гирифт?
Боздошти як нафари дигар бо гумони қаллобӣ дар фурӯши хона дар Душанбе
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 3
Даргузашти Кароматуллоҳи Мирзо, Нависандаи халқии Тоҷикистон дар 83-солагӣ
Нон дар Тоҷикистон чанд сомонӣ аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 октябри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста