То ба имрӯз қарзи ширкати «Барқи тоҷик» ба Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон (ДЭТ) 345 ҳазору 892 сомониро ташкил додааст.

Бино ба гуфтаи ректори ДЭТ, Хайрулло Назаров, тайи ду сол аст, ки ширкати «Барқи тоҷик» бо сабаби мушкили молияш ба донишкада ягон сомонӣ маблағ нагузарондааст. «Мо шартномаи дутарафа дорем ва ширкати «Барқи тоҷик» дар назди ДЭТ беш аз 500 ҳазор сомонӣ қарздор аст», - иброз дошт ӯ.

Ба гуфтаи ӯ, раҳбарияти донишкада маҷбур шудааст, волидайни донишҷӯёнеро, ки мувофиқи шартномаи «Барки тоҷик» дар ДЭТ таҳсил мекунанд, даъват карда, шарт гузорад, ки дар сурати напардохтани маблағи таҳсили фарзандонашон, аз донишкада хориҷ карда мешаванд.

«Волидайн розӣ шуда, маблағҳои шарномавиро пардохт намуданд, ки дар маҷмӯъ беш аз 200 ҳазор сомониро ташкил медиҳад», - изҳор дошт ректори донишкада.