Роҳбари маркази иттилоотӣ-ҳуқуқии «Муҳоҷират ва қонун» Гавҳар Ҷӯраева бар ин назар аст, ки ҷубронпулии муқарраршуда барои осебдидагон аз садамаи метро дар Маскав кофӣ нест. Дар ин бораи хабаргузории «Россия для всех» иттилоъ медиҳад.

Ҳукуматдорони Маскав ба оилаҳои ҳалокшудагону осебдидагон мутаносибан пардохти 1,5 ва 1 млн. рубл ҷубронпулиро ваъда карданд. Ғайр аз ин, ширкати суғуртавӣ аз ҷониби метрополитен ба оилаҳои ҳалокшудагон 2 млн. ва вобаста ба ҷароҳати бардошта ба оилаҳои осебдидагон то 1 млн. рубл пардохт мекунад.

«Ҳар кишваре, ки дар он чунин ҳодисаҳои даҳшатнок рух медиҳанд, бояд ҷуброни зиёни маънавиро низ таъмин кунад. Ин дар он ифода меёбад, ки афроди дар садама дастдошта бояд ҳатман муҷозот шаванд ва натанҳо дар шакли маҳкум шудан ба зиндон, балки масъулият доштан дар назди оилаҳои ҳалокшудагон, яъне онҳо бояд масъулияти инфиродии иловагӣ дар шакли ҳам моливу ҳам маънавӣ дошта бошанд», - мегӯяд Гавҳар Ҷӯраева.

Қобили зикр аст, ки бар асари садама дар метрои Маскав субҳи рӯзи 15-уми июл 23 нафар, аз ҷумла  ду шаҳрванди Тоҷикистон ба ҳалокат расида,  боз 5 нафар тоҷикистониён ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардоштанд.

«Бубинед, ки ин садама муддати хеле зиёд тафтиш мешавад. Садама дар яке аз қмтиъаҳои нави метро рух дод. Ман ҷонибдори Сталин нестам, бобои ман зимни ҳукуматдории ӯ парронида шуда буд. Вале замони ҳукмронии ӯ кор аз рӯи виҷдону боинсофона иҷро мешуд, зеро ҳама гуна нодидагириву қонуншиканӣ ва хунукназарӣ ба сифати амалҳои душманони арзёбӣ мегардид ва ин нафаронро душман мехонданд. Яъне он замон одамон кӯшиш мекарданд тарзе кор кунанд, ки зиёнашон ба дигарон нарасад», - афзудааст Гавҳар Ҷӯраева.