Ширкатҳои фароҳамсози интернет дар Тоҷикистон дастрасӣ ба шабакаи иҷтимоии «Одноклассники»-ро маҳдуд карданд.

Бархе аз корбарони интернет дар Тоҷикистон чанде қабл хабар доданд, ки аз субҳи имрӯз, 19-уми июл ба шабакаи «Одноклаасники» дастрасӣ надоранд. Инҳо корбарони ширкатҳои фароҳамсози интернети «Сатурн Онлайн», «Вавилон Т», «Мегафон Тоҷикистон», «Телеком Технолоҷи ва «Tcell» мебошанд.

Раиси Ассотсиатсияи интернет-провайдерони Тоҷикистон Асомиддин Атоев ба «Азия-Плюс» дар ин робита изҳор намуд, ки аз қатъ шудани дастрасӣ ба шабакаи иҷтимоии мазкур дар Тоҷикистон огаҳӣ надорад ва илова намуд, ки имрӯз рӯзи истироҳат буда, ӯ танҳо аввали ҳафта дар ин бора маълумоти мушаххас хоҳад дод.

Замони таҳияи мавод ба хабарнигори «Азия-Плюс» муяссар нагардид, ки бо Хадамоти алоқаи назди ҳукумати ҶТ тамос бигирад.

Ёдрас мекунем, ки 10 рӯз қабл, 9-уми июл дастрасӣ ба видеохостинги Youtube қатъ карда шуда буд, ҳарчанд дар Хадамоти алоқа ин далелро рад карданд. Дастрасӣ ба Youtube санаи 10-уми июн низ аз ҷониби ширкатҳои фароҳамсози интернет маҳдуд гардида, рӯзи 16-уми июн барқарор шуда буд.

Қобили зикр аст, ки дар Тоҷикистон дастрасӣ ба YouTube ва баъзе сомонаҳои муайян давра ба давра қатъ мегардад. Ахиран дастрасӣ ба YouTube соли 2013, дар остонаи интихоботи президентӣ қатъ гардида буд.