Олим Нурматов, язнаи молики мағоза барои кӯдакони «Липопо» дар шаҳри Душанбе Мавлуда Ваҳҳобова, ки ба ҷустуҷӯи байнулмилалӣ эълон шудааст , гуфтаҳои ҷабрдидагон аз «фиребгариҳои Ваҳҳобова»-ро рад намуд.
Ёдрас мекунем, ки ба идораи «Азия-Плюс» ҷабрдидагон аз молики мағоза Мавлуда Ваҳҳобова, сокинони шаҳр муроҷиат намуданд, ки ӯ ба боварии онҳо даромада, маблағи пулӣ гирифтааст ва сипас таҳдид кардааст, ки онро барнамегардонад. Маблағи умумии бо роҳи фиреб азхудкардаи Ваҳҳобова 1 млн. 200 ҳазор доллари ИМА-ро ташкил медиҳад, ки ӯ ин маблағро аз зиёда аз 30 нафар қарз гирифтааст ва ин танҳо нафароне мебошанд, ки аз Ваҳҳобова барои гирифтани қарз забонхат доранд. Дар ҳамин ҳол, ҷабрдидагон изҳор намуданд, ки язнаи Ваҳҳобова – Олим Нурматов ба гурехтани ӯ аз кишвар кумак кардааст.
Дар мусоҳиба ба «Азия-Плюс» Олим Нурматов язнаи Ваҳҳобов буданашро тасдиқ намуда, вале суханони 25 нафар ҷабрдидагонро рад намуд ва дар ин робита зикр кард, ки ӯ аз кай ва чӣ гуна қаламрави кишварро тарк кардани хешовандонаш ҳатто хабардор ҳам набудааст.
Дар аризаи худ ҷабрдидагон зикр карда буданд, ки мақомоти ҳифзи ҳуқуқ айбдоршавандагонро ҳимояту тарафдорӣ мекунанд, зеро язнаи Ваҳҳобова М.А. – Нурматов Олим собиқ корманди милиса буда, зимни баҳсҳо оид ба ин қазия худро «полковники милиса» муаррифӣ мекардааст. «Маҳз ӯ фиребгаронро бидуни монеъа аз фурудгоҳ гузаронида, барои тарки қаламрави кишвар кумак кард», - қайд мешавад дар ариза.
Аммо худи Нурматов мегӯяд, ки ӯ барои кумак ба Ваҳҳобова ҷиҳати тарк кардани қаламрави кишвар ва он ҳам «бидуни монеъа» ҳеҷ имкону салоҳияте ҳам надорад.
«Ман бар ин назарам, ки қабл аз навиштани ин матлаб, ба ҷойи бовар кардан ба далелҳои беисботу беасос, мебоист камераҳои мушоҳидаи видеойии фурудгоҳро месанҷиданд, то ки бубинанд, ки ман Ваҳҳобоваро гусел кардаам ё на. Онҳо ин корро танҳо барои туҳмат ба ман, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, муфтаттишон Алиев ва Шарипов роҳандозӣ карданд», - изҳор мекунад ӯ.
Дар муроҷиат ҷабрдидагон ҳамчунин қайд карда буданд, ки чандин маротиба ҷабрдидагон ба ҳолате дучор омадаанд, ки маълумоте, ки бояд танҳо дар ихтиёри муфаттиши ин парванда – Икром Алиев қарор дошта бошад, то ба Нурматов О. ва оилаи Ваҳҳобовҳои қаламрави кишварро тарккарда низ мерасидааст.
Ба ин гуфтаҳои ҷабрдидагон Нурматов посух дод, ки бо муфаттиш Алиев вонахӯрдаву суҳбате ҳам накардааст ва бо ҳеҷ масъалае ба ӯ муроҷиат низ накардааст. «Ҳамаи он чизе, ки дар муроҷиатнома дар бораи ман навишта шудааст, ТУҲМАТ мешуморам», - таъкид дошт номбурда.




Ҷашни Меҳргон дар Душанбе чӣ гуна таҷлил гардид?
Дар Душанбе шаҳраки нави саноатӣ ва се корхонаи калон ба истифода дода шуд
Интиқодҳо аз сабқати Асҳоб Тамаев дар Душанбе. Дар Тоҷикистон пойгаи мошинҳо иҷозат аст?
“Як паёмак сабаб шуд”. Додситонии Хатлон бархе ҷузъиёти ба дарё андохтани 4 кӯдак аз сӯи модарашонро шарҳ дод
"Моҳӣ дар шаст” соҳиби Шоҳҷоизаи Синамоҷашнвораи байналмилалии “Тоҷи Сомон” шуд. Боз кӣ ва чӣ ҷоиза гирифт?
Боздошти як нафари дигар бо гумони қаллобӣ дар фурӯши хона дар Душанбе
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 3
Даргузашти Кароматуллоҳи Мирзо, Нависандаи халқии Тоҷикистон дар 83-солагӣ
Нон дар Тоҷикистон чанд сомонӣ аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 октябри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста