Соли равон Иди моҳи мубораки Рамазон дар Тоҷикистон санаи 28-уми июл таҷлил мегардад.
Раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон Саидмукаррам Абдуқодирзода ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки мусалмонони кишвар Иди Фитрро рӯзи душанбеи ҳафтаи оянда, санаи 28-уми июл ҷашн мегиранд ва дар ин рӯз дар тамоми масҷидҳои кишвар бахшида ба анҷоми моҳи шарифи Рамазон намози ид хонда мешавад.
Ба гуфтаи ӯ, дар Шӯрои навбатии улуми Маркази исломии Тоҷикистон, ки 23-юми июл баргузор мешавад, вақти саҳеҳи баргузор шудани намоизи ид эълон карда мешавад.
Қобили зикр аст, ки соли равон маблағи закот (андози ҳатмии солона ба фоидаи камбизоатон)-ро мусалмононе месупоранд, ки на камтар аз 2 ҳазору 175 доллари ИМА воситаҳои зиёдатӣ доранд. Ҳаҷми садақаи фитр (хайрия) имсол 4 сомонӣ барои 1 моҳ муқаррар шудааст. Ин маблағ бо назардошти қоидаҳои шариати ислом бо нархи 2 кило орд муайян гардидааст.
Маъмулан, дар ин рӯз субҳи зуд кӯдакон бо табрикоти ид ба хонаҳо омада, идона мегиранд. Рӯзи ид пас аз пардохти закот ба дидори хешу ақрабо ва барои дуову фотеҳа сари мазори гузаштагони худ мераванд. Баҳри пешвози меҳмонон дар хонаводаҳо дастурхони идона ороста мешавад.
Мутобиқи Қонуни ҶТ «Дар бораи рӯзҳои ид», Иди Рамазон дар кишвар рӯзи истироҳат эълон шудааст.




Ҷашни Меҳргон дар Душанбе чӣ гуна таҷлил гардид?
Дар Душанбе шаҳраки нави саноатӣ ва се корхонаи калон ба истифода дода шуд
Интиқодҳо аз сабқати Асҳоб Тамаев дар Душанбе. Дар Тоҷикистон пойгаи мошинҳо иҷозат аст?
“Як паёмак сабаб шуд”. Додситонии Хатлон бархе ҷузъиёти ба дарё андохтани 4 кӯдак аз сӯи модарашонро шарҳ дод
"Моҳӣ дар шаст” соҳиби Шоҳҷоизаи Синамоҷашнвораи байналмилалии “Тоҷи Сомон” шуд. Боз кӣ ва чӣ ҷоиза гирифт?
Боздошти як нафари дигар бо гумони қаллобӣ дар фурӯши хона дар Душанбе
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 3
Даргузашти Кароматуллоҳи Мирзо, Нависандаи халқии Тоҷикистон дар 83-солагӣ
Нон дар Тоҷикистон чанд сомонӣ аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 октябри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста