Раиси шаҳри Қӯрғонтеппа Амирулло Асадулло аз фаъолияти раисони маҳаллаҳое, ки дар доираи лоиҳаи озмоишӣ (пилотӣ) фаъолият доранд, қаноатманд нест.

Зимни як нишасти хабарӣ раиси шаҳр аз кори раисони маҳаллаҳо изҳори нигаронӣ намуда, зикр кард, ки фаъолияти раисони маҳаллаҳо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатиро қонеъ намекунад.

Бояд гуфт, ки дар доираи 16 маҳаллаи шаҳри Қӯрғонтеппа лоиҳаи озмоишӣ (пилотӣ)-и фаъолият мавриди амал қарор дорад ва раисони маҳалаҳои номбурда баробари мутахассиси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр маош мегиранд.

«Раисони маҳалҳо аз уҳдаи  иҷрои вазифаҳои худ, яъне ташвиқу тарғиби қарору супоришҳои раиси шаҳр набаромада  истодаанд. Ҳар супоришу дастуре, ки баҳри ободонии шаҳр дода мешавад, иҷро намешавад. Аз ин хотир, моро кори раисони маҳаллаҳо қонеъ намекунад. Беҳтараш мо чор ҷамоат - ду ҷамоати деҳот ва ду ҷамоати шаҳрак таъсис бидиҳем, хубтараст. Чор раиси ҷамоат кори ҳамин 30 раиси маҳалларо иҷро мекунад», - гуфт Амирулло Асадулло.

Зимнан зикр гардид, ки мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр нисбати натиҷаҳои фаъолияти раисони маҳаллаҳои дар доираи лоиҳаи озмоишӣ қарордошта андешаву пешниҳодҳои худро ироа хоҳад дошт.