Дар ноҳияи Қубодиён гурӯҳҳои мақсадноки коллеҷи тиббии шаҳри Қӯрғонтеппа таъсис дода мешавад.
Чуноне ки директори коллеҷи тиббии шаҳри Қӯрғонтеппа Аскар Нуриддинов хабар дод, аз соли хониши 2014-2015 ду гурӯҳи мақсадноки коллеҷ дар ноҳияи Қубодиён таъсис дода мешавад.
«То ба имрӯз гурӯҳҳои мақсаднок дар назди беморхонаҳои марказии 11 шаҳру ноҳияҳои минтақаи Қӯрғонтеппа фаъолият доранд. Аз соли хониши нав боз ду гурӯҳи нав бар асоси дархости раиси ноҳияи Қубодиён дар ин ноҳия кушода мешаванд», - иброздошт ӯ.
Ба қавли Нуриддинов, мақсад аз кушодани гурӯҳои мақсаднок дар шаҳру навоҳии минтақа таъмини муассисаҳои тиббӣ бо кадрҳои миёнаи тиббӣ мебошад. «Дар соли хониши 2013-2014 дар гурӯҳҳои мақсаднок 357 нафар донишҷуён таҳсил менамоянд, - изҳор дошт директори коллеҷ.




Ҷашни Меҳргон дар Душанбе чӣ гуна таҷлил гардид?
Дар Душанбе шаҳраки нави саноатӣ ва се корхонаи калон ба истифода дода шуд
Интиқодҳо аз сабқати Асҳоб Тамаев дар Душанбе. Дар Тоҷикистон пойгаи мошинҳо иҷозат аст?
“Як паёмак сабаб шуд”. Додситонии Хатлон бархе ҷузъиёти ба дарё андохтани 4 кӯдак аз сӯи модарашонро шарҳ дод
"Моҳӣ дар шаст” соҳиби Шоҳҷоизаи Синамоҷашнвораи байналмилалии “Тоҷи Сомон” шуд. Боз кӣ ва чӣ ҷоиза гирифт?
Боздошти як нафари дигар бо гумони қаллобӣ дар фурӯши хона дар Душанбе
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 3
Даргузашти Кароматуллоҳи Мирзо, Нависандаи халқии Тоҷикистон дар 83-солагӣ
Нон дар Тоҷикистон чанд сомонӣ аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 октябри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста