Ширкати бима (суғурта)-и «Тоҷиксуғурта» дар ҳамдастӣ бо «Ширктаи умумирусиягии суғурта» дар зарфи 6 моҳи соли равон 763 ҳазору 636 муҳоҷирони кории тоҷикро бо бима фаро гирифт.
Бино ба маълумоти «Тоҷиксуғурта», дар ин давра маблағи ҳақмузди бима аз ҳисоби муҳоҷирони корӣ 772 ҳазор сомониро ташкил додааст.
Қаблан аз ширкати мазкур хабар дода буданд, ки мутобиқи созишнома дар бораи бо суғурта фаро гирифтани муҳоҷирони кории тоҷик дар қаламрави Русия, муҳлати суғурта аз се моҳ то як солро ташкил медиҳад.
«Арзиши полиси суғурта вобаста ба муҳлати он аз 75 то 180 сомониро ташкил дода, бо хоҳиши мизоҷон ҷуброни суғурта дар ҳаҷми аз 100 ҳазор то 500 ҳазор рубл муқаррар мешавад. Ба ин маблағ хароҷоти тиббӣ ва ҳамчунин хароҷоти ба ватан баргардонидани муҳоҷир дохил мешавад», - гуфта буданд аввали сол дар ин ширкат.
Ба иттилои манбаъ, нимсолаи аввали соли ҷорӣ КВД «Тоҷиксуғурта» ба 7 ҳазору 627 нафари осебдида дар натиҷаи ҳолатҳои тибқи бима пешбинишуда (вазъи солимӣ, амвол ва ғайра) дар ҳаҷми 6 млн. 674 ҳазор сомонӣ маблағи суғурта пардохтааст.
«Дар ин давра Тоҷиксуғурта» аз рӯи ҳамаи навъҳои андоз ба буҷети давлатӣ 14 млн. 419 ҳазор сомонӣ маблағ ворид кард, ки 1 млн. 797 ҳазор сомонӣ аз ин миқдор маблағҳоро суғуртаи иҷтимоӣ ташкил медиҳад», - гуфтанд дар корхона.
Зимнан зикр гардид, ки ҳиссаи пардохти ҳақмузди бимаи «Тоҷиксуғурта» дар бозори суғуртаи Тоҷикистон ба 57,4% ва пардохтҳои суғуртавӣ ба 95% баробар аст.




Ҷашни Меҳргон дар Душанбе чӣ гуна таҷлил гардид?
Дар Душанбе шаҳраки нави саноатӣ ва се корхонаи калон ба истифода дода шуд
Интиқодҳо аз сабқати Асҳоб Тамаев дар Душанбе. Дар Тоҷикистон пойгаи мошинҳо иҷозат аст?
“Як паёмак сабаб шуд”. Додситонии Хатлон бархе ҷузъиёти ба дарё андохтани 4 кӯдак аз сӯи модарашонро шарҳ дод
"Моҳӣ дар шаст” соҳиби Шоҳҷоизаи Синамоҷашнвораи байналмилалии “Тоҷи Сомон” шуд. Боз кӣ ва чӣ ҷоиза гирифт?
Боздошти як нафари дигар бо гумони қаллобӣ дар фурӯши хона дар Душанбе
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 3
Даргузашти Кароматуллоҳи Мирзо, Нависандаи халқии Тоҷикистон дар 83-солагӣ
Нон дар Тоҷикистон чанд сомонӣ аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 октябри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста