Муассисаи давлатии обуҳавошиносии Тоҷикистон огоҳ мекунад, ки ду рӯзи наздик аз болоравии бесобиқаи ҳарорати ҳаво рӯзона дар Тоҷикистон интизорӣ меравад. Дар ин рӯзҳо ҳарорати ҳаво дар водиҳо метавонад ба зиёда аз 45 дараҷа гармӣ бирасад.
Ба иттилои манбаъ, рӯзҳои 22-24-уми июл ҳарорати ҳаво дар вилояти Хатлон шабона 22-23 рӯзона 45-47, дар вилояти Суғд шабона 21-23 рӯзона 42-43 дараҷа гарм мешавад. «Дар ноҳияҳои тобеи марказ шабона 19-21 рӯзона 40-42, дар ғарби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон шабона 19-21 рӯзона 35-37 ва дар Душанбе ҳарорат шабона 19-21 ва рӯзона ба 40-42 дараҷа мерасад», - гуфтанд дар муассисаи мазкур.
Зимнан зикр гардид, ки болоравии оби сатҳи дарёҳо, ки аз захираҳои мавсимии барф ва пиряхҳо (дарёҳои Вахш, Панҷ, Гунт, Бартанг, Ванҷ, Язғулом, Зарафшон ва ғайра) сарчашма мегиранд, дар назар аст. «Ҳамчунин фаромадани сел дар минтақаҳои кӯҳистони ҷумҳурӣ низ аз эҳтимол дур нест», - афзуд сарчашмаи хабар.




Ҷашни Меҳргон дар Душанбе чӣ гуна таҷлил гардид?
Дар Душанбе шаҳраки нави саноатӣ ва се корхонаи калон ба истифода дода шуд
Интиқодҳо аз сабқати Асҳоб Тамаев дар Душанбе. Дар Тоҷикистон пойгаи мошинҳо иҷозат аст?
“Як паёмак сабаб шуд”. Додситонии Хатлон бархе ҷузъиёти ба дарё андохтани 4 кӯдак аз сӯи модарашонро шарҳ дод
"Моҳӣ дар шаст” соҳиби Шоҳҷоизаи Синамоҷашнвораи байналмилалии “Тоҷи Сомон” шуд. Боз кӣ ва чӣ ҷоиза гирифт?
Боздошти як нафари дигар бо гумони қаллобӣ дар фурӯши хона дар Душанбе
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 3
Даргузашти Кароматуллоҳи Мирзо, Нависандаи халқии Тоҷикистон дар 83-солагӣ
Нон дар Тоҷикистон чанд сомонӣ аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 октябри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста