Ҳудуди ҳазор нафар имрӯз таҳти роҳбарии раиси шаҳри Кӯлоб Абдуғаффор Раҳмонов ба ҳашари поксозии бозори чанде қабл оташгиифта баромаданд.
Мудири шуъбаи иқтисоди мақомоти шаҳрдории Кӯлоб Абдураззоқ Хӯчамқулов ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки бо назардошти макони ҷойгиршавии бозор ва обуҳавои беҳад гарм, тасмим гирифта шудааст, ки то ахири рӯзи дигар бозор аз боқимондаҳои сӯхтор тоза ва партовҳо ба берун бароварда шаванд.
Ба гуфтаи вай, тибқи маълумоти ахири саҳеҳшуда, аз сӯхтор дар маҷмӯъ 163 фурӯшанда, аз ҷумла ҳудуди 50 нафар занон осеб дидаанд. «Ҳамаи онҳо тибқи шаҳодатнома ё патентҳои нозироти андоз фаъолият доштанд», - гуфт ӯ ва илова намуд, ки аз сӯхтор натанҳо маркази савдои «Шаҳбоз-С», ки пурра ба коми оташ рафт, балки марказҳои савдои хусусии «Алиҷон Шералӣ», «Баракат» ва як қисмате аз бозори «Саховат» низ хисорот бардоштанд.
Дар ҳамин ҳол, намояндагони «Тоҷикматлубот имрӯз итминон доданд, ки қисмати сӯхтаи муталлиқ ба онҳо дар бозорро аллакай то Иди Рамазон барқарор мекунанд.
Дар суҳбат бо хабарнигори «Азия-Плюс» раиси шаҳри Кӯлоб таъкид дошт, ки дар бораи сохтмони бозори нави наздишаҳрӣ дар мақомоти марбута қарор тасдиқ шуда, тамоми фурӯшгоҳҳо аз маркази шаҳр тадриҷан ба ин бозори берун аз шаҳр кӯчонида мешаванд.




Ҷашни Меҳргон дар Душанбе чӣ гуна таҷлил гардид?
Дар Душанбе шаҳраки нави саноатӣ ва се корхонаи калон ба истифода дода шуд
Интиқодҳо аз сабқати Асҳоб Тамаев дар Душанбе. Дар Тоҷикистон пойгаи мошинҳо иҷозат аст?
“Як паёмак сабаб шуд”. Додситонии Хатлон бархе ҷузъиёти ба дарё андохтани 4 кӯдак аз сӯи модарашонро шарҳ дод
"Моҳӣ дар шаст” соҳиби Шоҳҷоизаи Синамоҷашнвораи байналмилалии “Тоҷи Сомон” шуд. Боз кӣ ва чӣ ҷоиза гирифт?
Боздошти як нафари дигар бо гумони қаллобӣ дар фурӯши хона дар Душанбе
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 3
Даргузашти Кароматуллоҳи Мирзо, Нависандаи халқии Тоҷикистон дар 83-солагӣ
Нон дар Тоҷикистон чанд сомонӣ аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 октябри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста