Ба ҷурми изофанависӣ дар кишти картошка се раиси ҷамоати ноҳияи Ҷалолиддини Руми аз вазифаҳои худ барканор шуданд.
Раиси ноҳияи Ҷалоддини Румӣ Маҳмадраҳим Исмоилов дар ин робита изҳор намуд, ки ба хотири изофанависӣ се нафар раисони ҷамоатҳои деҳоти Фрунзе, Калинин ва Гулистон аз вазифаҳои худ озод карда шуданд.
«Аслан бигирем ин изофанависӣ набуд, зеро кишти картошка дар майдоне, ки онҳо қаблан ҳисобот дода буданд гузаронида шуда буд. Аммо ҳамагӣ медонанд, ки имсол зимистон бисёр сард омаду қисми зиёди маҳсулотҳои барвақтиро сармо зад. Аз ҷумла картошка ҳам зарари ҷиддӣ дид. Вале вақте ки санҷиши кишти картошка гузаронида шуд, қисми майдонҳои кишти картошка вайрон карда шуда буд ва ба ҷои онҳо дигар зироатҳо кишт шуда, онро дар назари аввал ба ҳисоб нагирифтанд», - иброз дошт ӯ.
Ба қавли раиси ноҳия, баъдан санҷишҳои ҷиддӣ нишон додаанд, ки воқеъан ин нафарон изофанависӣ накарда, балки дар масъалаи пешниҳодҳои ҳисобот хунукназарӣ кардаанд. «Аз ин хотир раисони ҷамоатҳо аз взифаҳои худ барканор шуданд», - афзуд номбурда.
Бояд ёдовар шуд, ки раиси вилояти Хатлон Давлатшоҳ Гулмаҳмад зимни як нишасти матбуотӣ изҳор намуда буд, ки дар вилоят барои изофанависӣ 56 нафар шахсони мансабдор ба муҷозот кашида шуданд, аз ҷумла 46 нафари онҳо аз вазифаҳои хизматиашон барканор шудаанд.



Ҷашни Меҳргон дар Душанбе чӣ гуна таҷлил гардид?
Дар Душанбе шаҳраки нави саноатӣ ва се корхонаи калон ба истифода дода шуд
Интиқодҳо аз сабқати Асҳоб Тамаев дар Душанбе. Дар Тоҷикистон пойгаи мошинҳо иҷозат аст?
“Як паёмак сабаб шуд”. Додситонии Хатлон бархе ҷузъиёти ба дарё андохтани 4 кӯдак аз сӯи модарашонро шарҳ дод
"Моҳӣ дар шаст” соҳиби Шоҳҷоизаи Синамоҷашнвораи байналмилалии “Тоҷи Сомон” шуд. Боз кӣ ва чӣ ҷоиза гирифт?
Боздошти як нафари дигар бо гумони қаллобӣ дар фурӯши хона дар Душанбе
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 3
Даргузашти Кароматуллоҳи Мирзо, Нависандаи халқии Тоҷикистон дар 83-солагӣ
Нон дар Тоҷикистон чанд сомонӣ аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 октябри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста