Соли хониши имсола 240 оилаи омӯзгорон ба ноҳияи Қумсангир омаданд.

Бино ба гуфти раиси ноҳияи Қумсангир Холмурод Раҳмонов, соли хониши 2013-2014 барои таъмини мактабҳои ҳамагонии ноҳия аз дигар минтақаҳои кишвар оилаҳои омӯзгорон даъват карда оварда шуданд.

«Мо барои ин 240 оилаи омӯзгорон мувофиқи имкон шароити лозимаро таъмин намудем. Барояшон замини наздиҳавлигӣ ҷудо намудему дар он маҳаллаҳое, ки омӯзгорон зиндагӣ мекунанд дар сохтмони манзилҳояшон кумак карданд. Омӯзгорон аслан аз ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб, Бадахшон ва Суғд даъват шудаанд»- изҳор дошт раиси ноҳия.

Ба гуфтаи вай, имсол намояндагони шуъбаи маорифи ноҳия ба ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ва Бадахшон сафар карда, боз  оилаҳои омӯзгоронро ба макотиби Қумсангир даъват кардаанд. Бино ба маълумотҳои пешакӣ, боз 86 оилаи омӯзгорон омодаанд дар рӯзҳои наздик ба Қумсангир кӯч банданд.

«Дар ноҳия мушкили кадрӣ дар соҳаи маориф ҷой дорад. Мо мактабҳои зиёде сохтему шароити мусоиди таҳсилро фароҳам овардем.  Имрӯз аллакай аз пайи ҳалли мушкили кадрӣ ҳастем ва тамоми кӯшишро ба харҷ хоҳем дод, то ки мактабҳои ноҳия бо беҳтарин омӯзгорон таъмин бошанд, - гуфт раиси ноҳия.

Дар ҳамин ҳол, раиси ноҳияи Ҷиликӯл Хӯҷамурод Фазлиддинов зимни як нишасти матбуотӣ изҳор намуд ки роҳбарияти ноҳия ба қабули омӯзгорони ҷавон ва ҷудо кардани қитъаи замин барои онҳо мода аст.

Раиси ноҳия ҳатто ба омӯзгорони ҷавони муҷаррад ташкили тӯйи хонадоршавиашонро ҳам ваъда кард. «Агар лозим шавад, он омӯзгорони ҷавоне, ки ба ноҳия меоянду муҷарраданд, мо метавонем онҳоро аз ҳисоби ноҳия хонадор намоем, - изҳор дошт раиси ноҳияи Ҷиликӯл.