Мақомоти шаҳрдории Душанбе дар ҳамдастӣ бо соҳибкорони пойтахт ҷиҳати таъмини аҳолии шаҳр бо маҳсулоти ғизойии нархҳояшон дастрас дар остонаи иди моҳи шарифи Рамазон аз 25 то 27-уми июл ярмарка-фурӯши маҳсулоти ғизойӣ барпо мекунад.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти мақомоти шаҳрдорӣ, ярмаркаҳо аз соати 5-и субҳ то 21-и шом дар 24 маҳаллаҳои ноҳияи Фирдавсӣ, 20 маҳаллаи ноҳияи Сино, 17 маҳаллаи ноҳияи Шоҳмансур ва инчунин дар маҳаллаҳои алоҳидаи ноҳияи Исмоили Сомонӣ гузаронида шуда, ҳамчунин дар даромадгоҳҳои тамоми бозорҳои шаҳр аз соати 8 то 17-30 бо нархи 3 сомонӣ барои 1 литр фурӯши шир ташкил карда мешавад.
Ба иттилои манбаъ, дар ярмаркаҳо гӯшти гов 35 сомонӣ, гӯшти гӯсфанд 36 сомонӣ, биринҷи истеҳсоли ватанӣ то 8 сомонӣ, биринҷӣ истеҳсоли Покистон ва Таиланд 4-4,5 сомонӣ ва шакар 4 сомонӣ ба фурӯш гузошта хоҳанд шуд.
«Бо дастури раиси пойтахт, дар ин рӯзҳо дар тамоми бозорҳои пойтахт як халта орди навъи якум (50 кило) бо нархи 135 сомонӣ, 1 кило картошка – то 1,7 сомонӣ, пиёз – то 1,5 сомонӣ, сабзӣ – то 2,5 сомонӣ, карам – 1,6 сомонӣ, помидор – 2 сомонӣ, бодиринг – 2,5 сомонӣ, равғани растанӣ – 7 сомонӣ барои 1 литр, гӯшти гов - то 35 сомонӣ, гӯшти гӯсфанд - то 36 сомонӣ, 10 дона тухм - то 6,5 сомонӣ, шакар - 4 сомонӣ, чака - то 7 сомонӣ
тарбуз 1 кг - 1 сомонӣ ва харбуза 1 кг – 2 сомонӣ фурӯхта мешаванд», - иттилоъ медиҳад мақомоти шаҳрдории пойтахт.




Ҷашни Меҳргон дар Душанбе чӣ гуна таҷлил гардид?
Дар Душанбе шаҳраки нави саноатӣ ва се корхонаи калон ба истифода дода шуд
Интиқодҳо аз сабқати Асҳоб Тамаев дар Душанбе. Дар Тоҷикистон пойгаи мошинҳо иҷозат аст?
“Як паёмак сабаб шуд”. Додситонии Хатлон бархе ҷузъиёти ба дарё андохтани 4 кӯдак аз сӯи модарашонро шарҳ дод
"Моҳӣ дар шаст” соҳиби Шоҳҷоизаи Синамоҷашнвораи байналмилалии “Тоҷи Сомон” шуд. Боз кӣ ва чӣ ҷоиза гирифт?
Боздошти як нафари дигар бо гумони қаллобӣ дар фурӯши хона дар Душанбе
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 3
Даргузашти Кароматуллоҳи Мирзо, Нависандаи халқии Тоҷикистон дар 83-солагӣ
Нон дар Тоҷикистон чанд сомонӣ аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 октябри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста