Дар ноҳияи Қубодиён чопхонаи замонавӣ ба кор шурӯъ кард.

Рӯзи 23 июл дар ноҳияи Қубодиён дар назди газетаи ноҳиявии «Тахти Қубод» бо иштироки раиси ноҳия Саъдулло Бекназаров, роҳбарони ташкилоту идораҳои ноҳиявӣ ва гурӯҳи рӯзноманигорон бо дуои сархатиби ноҳия ба фаъолияти чопхонаи нав ҳусни оғоз бахшида шуд.

Сардабири газетаи ноҳиявӣ Адолати Ашкрез зимни ифтитоҳи матбаа изҳор дошт, ки аз ин ба баъд газетаи ноҳиявӣ дар ҳамин ҷо нашр мешавад.  Ҳамчунин чопхона ба нашри газетаҳои ноҳияҳои ҳамсоя низ имкон дорад. Чопхона ҳамчунин имконияти чопи китоб, китобчаҳою варақаҳои хизматиро низ дорад.

Раиси ноҳия ба роҳбарони ташкилоту идораҳои ноҳиявӣ дастур дод, ки аз ин ба баъд варақаҳои хизматии хешро аз чопхонаҳои дигар шаҳру навоҳӣ харидорӣ накунанду дар чопхонаи ноҳия фармоиш бидиҳанд.  Аз ҷумла тамоми варақаҳои лозимаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дар ҳамин чопхона ба чоп хоҳанд расид.

Бояд гуфт, ки раиси ноҳия зимни як нишасти хабарӣ авали соли равон ба хабарнигорон ваъда дода буд, ки барои газетаи ноҳиявӣ як чопхонаи муосир  харидорӣ хоҳад кард.  Бо ба маснади раиси ноҳия нишастани Саъдулло Бекназаров теъдоди чопи газетаи ноҳиявӣ аз 500- 700 то 5 ҳазор нусха расонида шуд, ки дар миқёси вилоят беҳамтост.