Зимни нишасти хабарии рӯзи 23-юми июл вазири адлияи Тоҷикистон Рустам Шоҳмурод изҳор намуд, ки дар масъалаи иҷрои қарорҳои судӣ вазорат ба мушкилӣ дучор аст.

Ӯ зикр кард, ки бо мақсади иҷрои пурсамари қарорҳои судӣ, соли 2008 истеҳсолоти иҷро аз тобеъияти Суди олии иқтисодӣ ва Шӯрои адлия ба ихтиёри Вазорати адлия гузаронида шуд.

«Дар ин самт мо ба баъзе мушкилотҳо дучор мешавем, ки яке аз онҳо норасоии иҷрочиёни судӣ мебошад», - иброз дошт вазир.

Р.Шоҳмурод таъкид намуд, ки аз нигоҳи назария шумори судяҳо бояд ба шумори иҷрочиёни судӣ баробар бошад, вале дар Тоҷикистон шумори судяҳо нисбат ба иҷрочиёни судӣ хеле зиёдтар аст.

«Имрӯз шумори судяҳо дар ҷумҳурӣ 394 ва иҷрочиёни судӣ ҳамагӣ 233 нафарро ташкил медиҳад, вале бояд ба ҳар як судя ҳадди ақал 1 иҷрочии судӣ рост ояд», - гуфт вазир адлия ва илова намуд, ки феълан яке аз вазифаҳои асосӣ дар ин самт афзудани шумори иҷрочиёни судӣ маҳсуб меёбад.