Як гурӯҳе аз соҳибкорони Чин бо вазъи заминҳои ноҳияи Қубодиён шинос шуданд.
Зимни нишасти матбуотӣ раиси ноҳияи Қубодиён Саъдуло Бекназаров дар ин робита изҳор намуд, онҳо бо вазъи заминҳои мавзеъи Юлдузқоқ, ки аслан бо пойгоҳҳои обкашӣ обёрӣ мешаванд, аз наздик шинос шудаанд. «Соҳибкорони чинӣ бо кори таҷҳизоти обкашии мо шинос гардида, ҳайрон шуданд, ки то ба имрӯз мо аз дастгоҳҳои обкаши куҳнаи серхарҷи шӯравӣ истифода мебарем», - гуфт раиси ноҳия.
Бекназаров қайд кард, ки соли равон беш аз як ҳазор гектар замин дар ноҳия бекор мондааст, ки сабаби кишт нашудани ин заминҳо норасоии об буда, дастгоҳҳои обкаш куҳнаю фарсуда ва ҳам норасоии қувваи корӣ имкон надодааст, то ки ин заминҳо кишту кор шаванд.
Ӯ ҳамчунин зикр кард, ки ҳоло бо соҳибкорони чинӣ ягон шартномаи мушаххасе ба имзо нарасидааст, вале умедворанд, ки онҳо ба ин мавзеъ мароқ зоҳир хоҳанд кард.
Бекназаров дар давоми сӯҳбаташ изҳор дошт, ки дар сурати сохтмони обанбори Кофарниҳони поён, ки лоиҳааш даврони шӯравӣ омода шудаву 30 дар сади корҳои сохтмониаш ба анҷом расонида шудаааст, садҳо ҳазор гектар замин обёрӣ хоҳад шуд. «Умед дорем, ки ҳукумати ҷумҳурӣ баҳри амалишавии ин лоиҳа чораҳои зарурӣ меандешад», - афзуд раиси ноҳия.




Ҷашни Меҳргон дар Душанбе чӣ гуна таҷлил гардид?
Дар Душанбе шаҳраки нави саноатӣ ва се корхонаи калон ба истифода дода шуд
Интиқодҳо аз сабқати Асҳоб Тамаев дар Душанбе. Дар Тоҷикистон пойгаи мошинҳо иҷозат аст?
“Як паёмак сабаб шуд”. Додситонии Хатлон бархе ҷузъиёти ба дарё андохтани 4 кӯдак аз сӯи модарашонро шарҳ дод
"Моҳӣ дар шаст” соҳиби Шоҳҷоизаи Синамоҷашнвораи байналмилалии “Тоҷи Сомон” шуд. Боз кӣ ва чӣ ҷоиза гирифт?
Боздошти як нафари дигар бо гумони қаллобӣ дар фурӯши хона дар Душанбе
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 3
Даргузашти Кароматуллоҳи Мирзо, Нависандаи халқии Тоҷикистон дар 83-солагӣ
Нон дар Тоҷикистон чанд сомонӣ аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 октябри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста