Ба муносибати Иди Рамазон созмони хайрияи «Дасти ёрӣ» аксияи хайрияи «Бастаи Рамазон»-ро роҳандозӣ намуда, дар доираи он ба шаҳри Хоруғ ва деҳаи Иттирган (каме дуртар аз Данғара) маҳсулоти ғизойӣ ва сарулибос фиристода шуд.
Муассиси «Дасти ёрӣ» Комил Арешов ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки ин кумак ба оилаҳои камбизоати маҳаллаҳои аҳолинишини зикршуда аст.
«Имрӯз сари ҳар як оила дар деҳаи Иттиган 10 кило орд, 2 литр равған ва 1 килогӣ макарон дода шуда, дар маҷмӯъ ба 200 оила чунин кумак карда мешавад», - гуфт ӯ.
Ба гуфтаи Арешов, иқдоми «Бастаи Рамазон» бо кумаку мусоидат ва хайрияи шахсони ҷудогона доир мегардад.
«Ғайр аз ин, дирӯз мо ба шаҳри Хоруғ низ «Бастаи Рамазон»-ро фиристодем, ки аз сарулибос барои кӯдакону калонсолон, пойафзол, бозича ва ғайра иборат аст», - афзуд номбурда.




Ҷашни Меҳргон дар Душанбе чӣ гуна таҷлил гардид?
Дар Душанбе шаҳраки нави саноатӣ ва се корхонаи калон ба истифода дода шуд
Интиқодҳо аз сабқати Асҳоб Тамаев дар Душанбе. Дар Тоҷикистон пойгаи мошинҳо иҷозат аст?
“Як паёмак сабаб шуд”. Додситонии Хатлон бархе ҷузъиёти ба дарё андохтани 4 кӯдак аз сӯи модарашонро шарҳ дод
"Моҳӣ дар шаст” соҳиби Шоҳҷоизаи Синамоҷашнвораи байналмилалии “Тоҷи Сомон” шуд. Боз кӣ ва чӣ ҷоиза гирифт?
Боздошти як нафари дигар бо гумони қаллобӣ дар фурӯши хона дар Душанбе
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 3
Даргузашти Кароматуллоҳи Мирзо, Нависандаи халқии Тоҷикистон дар 83-солагӣ
Нон дар Тоҷикистон чанд сомонӣ аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 октябри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста