Барои супурдани имтиҳон аз таърих ва қонунгузории Русия, муҳоҷирони кориро зарур аст, ки ба 40%-и саволҳо посухи дуруст диҳанд. Дар ин бора бо истинод ба гуфтаҳои Анжела Должикова, муовини ректори Донишгоҳи дӯстии халқҳои Русия ИТАР-ТАСС хабар медиҳад.
«Дар имтиҳон роҳ додан ба иштибоҳот низ пешбинӣ шуда, аз 20 савол оид ба таърихи Русия танҳо ба 40% ҷавоби дурст додан зарур аст, - гуфтааст муовини ректор. – Ҳадди ниҳоии вақт барои супурдани имтиҳон 2,5 соат муқаррар шуд».
Должикова ҳамчунин зикр кардааст, ки риояи тартиботи имтиҳонсупорӣ дар аудиторияҳоро омӯзгорон назорат бурда, дар аксари марказҳои қабули имтиҳонҳо сабти видеойӣ анҷом дода мешавад.
Қобили зикр аст, ки шурӯъ аз 1-уми январи соли 2015 муҳоҷирони меҳнатие, ки дар Русия хоҳиши кор кардан доранд, бояд сертификат дар бораи супурдани имтиҳон аз забони русӣ, таърих ва қонунгузории Русияро дошта бошанд.




Ҷашни Меҳргон дар Душанбе чӣ гуна таҷлил гардид?
Дар Душанбе шаҳраки нави саноатӣ ва се корхонаи калон ба истифода дода шуд
Интиқодҳо аз сабқати Асҳоб Тамаев дар Душанбе. Дар Тоҷикистон пойгаи мошинҳо иҷозат аст?
“Як паёмак сабаб шуд”. Додситонии Хатлон бархе ҷузъиёти ба дарё андохтани 4 кӯдак аз сӯи модарашонро шарҳ дод
"Моҳӣ дар шаст” соҳиби Шоҳҷоизаи Синамоҷашнвораи байналмилалии “Тоҷи Сомон” шуд. Боз кӣ ва чӣ ҷоиза гирифт?
Боздошти як нафари дигар бо гумони қаллобӣ дар фурӯши хона дар Душанбе
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 3
Даргузашти Кароматуллоҳи Мирзо, Нависандаи халқии Тоҷикистон дар 83-солагӣ
Нон дар Тоҷикистон чанд сомонӣ аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 октябри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста