Анонс

- Зимни нишасти хабарии Вазорати молияи Тоҷикистон аз фаъолияти Вазорат дар нимсолаи аввали соли равон натиҷагирӣ мешавад. Оғоз соати 09:00;

- Соати 09:00 ҳамчунин дар Агентии омори назди президенти ҶТ оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолият дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ нишасти хабарӣ баргузор мешавад;

- Оид ба натиҷаҳои фаъолият дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ нишасти хабарии ҶСК «Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе» доир мегардад. Оғоз соати 10-00.

Қ урби асъор

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:

1 доллари ИМА -  4.9586 сомонӣ;

1 евро - 6.6777 сомонӣ;

1 рубли русӣ - 0.14 20 сомонӣ.  

Як р ӯ зи таърих

Рӯзи кормандони нақлиёти автомобилӣ.

1984 – Кайҳоннавард Светлана Савитская миёни занон бори нахуст ба кайҳони кушод баромад.

2008 — Бо фармони президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ҳама гуна санҷишҳои субъектҳои соҳибкории хурду миёна моратория эълон шуд.

2009 — Дар Хоруғ бо иштироки намояндагони Афғонистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон фестивали фарҳангиву экологии «Боми ҷаҳон» доир гардид.

1925-1995 – Зодрӯзи арбоби ҷамъиятӣ, иштирокчии фаъоли ҶБВ, пулемётчӣ Мирзо Бобоҷонов, ки аслиҳаи ӯ дар яке аз осорхонаҳои Маскав нигоҳ дошта мешавад.

1940 – Мавлуди овозхон, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Лола Баракаева.

1945 – Зодрӯзи журналист Аъзам Мӯсоев.

1947-1997 – Мавлуди овозхон, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Ҳотам Юнусов.

Вазъи обу ҳ аво

Дар вилояти Хатлон —  Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот, баъзан чангу ғубор мефарояд.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +20+25, рӯзона +37+42, дар доманакӯҳҳо шабона +15+20, рӯзона +32+37.

Дар вилояти Суғд — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +16+21, рӯзона +34+39, дар доманакӯҳҳо шабона +10+15, рӯзона +28+33.

Дар Ноҳияҳои тобеи марказ   — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот, баъзан чангу ғубор мефарояд..

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +15+20, рӯзона +34+39, дар доманакӯҳҳо шабона +13+18, рӯзона +31+36.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.      

Ҳарорат: дар ғарби ВМКБ шабона +12+17, рӯзона +31+36;  дар шарқи вилоят шабона +3+8, рӯзона +19+24.

Дар шаҳри Душанбе — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.  

Ҳарорат: шабона +17+19, рӯзона +36+38.

Дар шаҳри Қӯрғонтеппа — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +23+25, рӯзона +37+39.

Дар шаҳри Хуҷанд — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот. 

Ҳарорат: шабона +19+21, рӯзона +35+37.

Дар шаҳри Хоруғ — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.   

Ҳарорат: шабона +14+16, рӯзона +33+35.