Бино ба маълумоти таҳқиқоти Агентии омори назди президенти ҶТ, сатҳи камбизоатӣ дар Тоҷикистон 35,6%-ро ташкил медиҳад.

Зимни нишасти хабарии имрӯза роҳбари Агентии омори ҷумҳурӣ Гулнора Ҳасанова дар ин робита изҳор намуд, ки таҳқиқоти мазкур бар асоси методологияи Бонки ҷаҳонӣ гузаронида шуда, давраи аз моҳи июни соли 2012 то моҳи июни соли 2013-ро дар бар мегирад.

Ба гуфтаи ӯ, кормандони Агентӣ буҷети 3 ҳазор хонавода дар саросари кишварро мавриди таҳқиқ қарор дода, муайян карда шудааст, ки хароҷоти 35,6%-и хонаводаҳои мансуб ба қишри камбизаоти аҳолӣ дар ин давра камтар аз 145 сомонӣ дар як моҳро ташкил додааст.

Дар ҳамин ҳол, Ҳасанов зикр кард, ки тибқи натиҷаҳои таҳқиқот, дар ин давра 14%-и аҳолии кишвар дар ҳоли фақри шадид қарор дошта, ин хонаводаҳо ба хароҷоти на бештар аз 104 сомонӣ дар як моҳ имкон доштаанд.

Роҳбари Агентӣ қайд кард, ки ин таҳқиқоти аввали Агентии омори кишвар буда, минбаъд ҳамасола анҷом додани чунин таҳқиқот дар назар аст.

Қобили зикр аст, ки мутобиқи Стратегияи баланд бардоштани сатҳи камбизоатии аҳолии ҶТ барои солҳои 2013-2015, дар соли 2015 то ба 31,5% коҳиш ёфтани сатҳи камбизоатӣ пешбинӣ мешавад.