Дар зарфи 6 моҳи соли ҷорӣ дар қаламрави 10 ноҳияи минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон 514 далели истеъмоли тамоку дар ҷойҳои ҷамъиятӣ ба қайд гирифта шудааст.
Муовини сардори Раёсати ВКД вилояти Хатлон дар минтақаи Кӯлоб полковники милиса Абдулваҳҳоб Искандаров ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки барои ин одати бадашон тамокукашон ба маблғи умумии 11 ҳазор сомонӣ ҷарима шудаанд.
Ба гуфтаи ӯ, нимсолаи аввали соли ҷорӣ дар қаламрави минтақа 53627 ҳолатҳои қонуншикании маъмурӣ ба қайд гирифта шуда, маблағи умумии ҷарима аз онҳо 1 млн. 219 ҳазор сомониро ташкил додааст.
«Дар ин давра дар минтақа 37095 ҳолати вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ ва 5910 далели риоя нашудани реҷаи шиносномавӣ сабт шуда, гунаҳкорон мутаносибан ба маблағи умумии 483 ҳазору 250 сомонӣ ва 239 ҳазору 160 сомонӣ ҷаримабандӣ шуданд», - иброз дошт ӯ.
Зимнан зикр гардид, ки дар 6 моҳи соли 2014 дар минтақа 749 ҷиноят ба қайд гирифта шуда, сатҳи ошкоршавӣ 92,1%-ро ташкил додааст. «Дар ин давра аз аҳолӣ 14 адад автомати Калашников ва 20 адад таппончаи Макаров дарёфт ва мусодира гардид», - афзуд номбурда.



Наздики 120 шаҳрванди Тоҷикистон бо як парвози чартерӣ аз Дубай ба Душанбе баргаштаанд
Эмомалӣ Раҳмон дар сохтори Додгоҳи олӣ, Додситонии кул ва ВКД тағйироти кадрӣ анҷом дод
Даргирӣ печидатар ва доманаи он васеътар мегардад. Ховари Миёна дар рӯзи ҳафтуми ҷанг дар Эрон чӣ вазъ дорад?
"Hyundai Tajikistan" дар моҳи Рамазон иқдоми махсус эълон мекунад
“Пешрафти Эронро пешрафти худ ва нокомии Эронро нокомии худ медонем”. Назари чеҳраҳои сиёсиву адабии Тоҷикистон дар бораи ҷанг дар Эрон
Нархи гузаштан аз ташхиси тиббӣ дар Тоҷикистон барои гирифтани патент маълум шуд
Соли гузашта дар кишвар чанд дугоник, сегоник ва чоргоник таваллуд шудааст?
Моҳи феврал дар Осиёи Марказӣ ба таври рекордӣ гарм шуд. Паёмадҳои гармшавии ҷаҳонӣ ба Тоҷикистон
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 41
Дар Тоҷикистон беш аз 3,5 ҳазор ширкату корхона бо сармояи хориҷӣ фаъолият мекардаанд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста