Барои сохтмони пули байни шаҳраки Ёвон 30 миллион сомонӣ маблағ зарур аст.
Амирбек Маҳмадалиев, раиси ноҳияи Ёвон зимни нишасти хабарӣ дар ин робита изҳор намуд, ки баъди шуста шудани пули байни ноҳия, онҳо ба Вазорати нақлиёт ва ҳукумати ҷумҳурӣ муроҷиат кардаанд.
«Баъди ҳисобу китоб сметаи хароҷотии ин сохтмон ба 30 миллион сомонӣ расид. Ин гуна маблағ дар буҷаи маҳаллӣ мавҷуд нест. Ҳукумат ва Вазорати нақлиёт ваъда кардаанд, ки дар ду соли оянда ба сохтмон маблағгузорӣ мекунанд. Аммо мо наметавонем интизор шавем. Мо бо соҳибкорони ноҳия гуфтугузор дорем шояд ба ягон натиҷае мерасем», - иброз дошт ӯ.
Ба гуфтаи ӯ, мушкил дар он аст, ки сохтор ва таҷҳизоти сохтмонии ин пул дар вақташ аз Русия оварда шудаасту дар Тоҷикистон чунин масолеҳро пайдо намудан ғайриимкон аст.
«Мо то омадани сели охир таъмири пулро оғоз карда будем, ки бо кумаки соҳибкорону хайрхоҳони ноҳия наздики 700 ҳазор сомонӣ корҳои сохтмон ба анҷом расонида шуданд. Мутаассифона, корҳо пурра ба анҷом нарасида, боз сел омаду ҳамаи корҳои ба анҷомрасидаро низ шуста бурд», - қайд кард раиси ноҳия.
Бояд гуфт, ки ду сол қабл бар асари боронҳои сел пули байни шаҳраки Ёвон шуста ва тахриб гардида буд.



Ҷашни Меҳргон дар Душанбе чӣ гуна таҷлил гардид?
Дар Душанбе шаҳраки нави саноатӣ ва се корхонаи калон ба истифода дода шуд
Интиқодҳо аз сабқати Асҳоб Тамаев дар Душанбе. Дар Тоҷикистон пойгаи мошинҳо иҷозат аст?
“Як паёмак сабаб шуд”. Додситонии Хатлон бархе ҷузъиёти ба дарё андохтани 4 кӯдак аз сӯи модарашонро шарҳ дод
"Моҳӣ дар шаст” соҳиби Шоҳҷоизаи Синамоҷашнвораи байналмилалии “Тоҷи Сомон” шуд. Боз кӣ ва чӣ ҷоиза гирифт?
Боздошти як нафари дигар бо гумони қаллобӣ дар фурӯши хона дар Душанбе
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 3
Даргузашти Кароматуллоҳи Мирзо, Нависандаи халқии Тоҷикистон дар 83-солагӣ
Нон дар Тоҷикистон чанд сомонӣ аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 октябри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста